Раводид миёни Тоҷикистон ва Доминика бекор шуд

Дирӯз, 17-уми июл Созишномаи мутақобилан бекор кардани раводид (виза) миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Доминика эътибор пайдо кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод. Низоми бидуни раводид ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ дахл дорад. Бар асоси созишномаи мазкур, ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доминика метавонанд бидуни раводид ба кишварҳои якдигар рафтуомад […]

Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми июл Созишномаи мутақобилан бекор кардани раводид (виза) миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Доминика эътибор пайдо кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Низоми бидуни раводид ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ дахл дорад.

Бар асоси созишномаи мазкур, ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доминика метавонанд бидуни раводид ба кишварҳои якдигар рафтуомад карда, то 90 рӯз дар он иқомат кунанд.

Созишномаи мутақобилаи бекоркунии раводид байни Тоҷикистон ва Доминика моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико имзо шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин, рӯзи 26-уми ноябри соли 2024, Тоҷикистон ва Малдив созишномаи  бекор кардани талаботи раводидро барои шаҳрвандони ҳарду тараф имзо карда буданд. Он замон гуфта шуд, ки дар асоси созишномаи баимзорасида, шаҳрвандони ҳар ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.

Моҳи майи соли 2024 бошад, Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард, ки бо рӯйхати ин кишварҳо метавонед дар ин пайванд шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ