Раводид миёни Тоҷикистон ва Доминика бекор шуд

Date:

Дирӯз, 17-уми июл Созишномаи мутақобилан бекор кардани раводид (виза) миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Доминика эътибор пайдо кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Низоми бидуни раводид ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ дахл дорад.

Бар асоси созишномаи мазкур, ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доминика метавонанд бидуни раводид ба кишварҳои якдигар рафтуомад карда, то 90 рӯз дар он иқомат кунанд.

Созишномаи мутақобилаи бекоркунии раводид байни Тоҷикистон ва Доминика моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико имзо шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки пештар аз ин, рӯзи 26-уми ноябри соли 2024, Тоҷикистон ва Малдив созишномаи  бекор кардани талаботи раводидро барои шаҳрвандони ҳарду тараф имзо карда буданд. Он замон гуфта шуд, ки дар асоси созишномаи баимзорасида, шаҳрвандони ҳар ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан бубудош дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.

Моҳи майи соли 2024 бошад, Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард, ки бо рӯйхати ин кишварҳо метавонед дар ин пайванд шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...