Тағйири намои Душанбе давоми 15 соли охир дар аксҳои моҳвораӣ

“Азия – Плюс ” тасмим гирифт, тағйири намои чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахти кишвар – Душанберо  бо истифода аз аксҳои моҳвораӣ барои солҳои 2010 – 2025 нишон диҳад.   Хиёбони Рӯдакӣ Маркази шаҳр, майдони Дӯстӣ, атрофи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ” куллан тағйир ёфтааст.  Давоми 15 сол дар минтақаҳои холӣ ва ба ҷои биноҳои кӯҳна биноҳои баландошёна  […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

“Азия – Плюс ” тасмим гирифт, тағйири намои чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахти кишвар – Душанберо  бо истифода аз аксҳои моҳвораӣ барои солҳои 2010 – 2025 нишон диҳад.

 

Хиёбони Рӯдакӣ

Маркази шаҳр, майдони Дӯстӣ, атрофи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ” куллан тағйир ёфтааст.  Давоми 15 сол дар минтақаҳои холӣ ва ба ҷои биноҳои кӯҳна биноҳои баландошёна  қомат афрохта, чанд боғ бунёд шуд.  Мисол, дар аксҳо дидан мумкин аст, ки давоми ин солҳо дар ин минтақа майдони “Нишони давлатӣ” , боғи “Парчами миллӣ” , биноҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва парлумон пайдо  шудаанд.

 

 

Хиёбони Саъдии Шерозӣ

Дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, атрофи Сирки давлатӣ тағйироти чашмрас ин аст, ки дар қади роҳи асосии хиёбон сол аз сол биноҳои баландошёна зиёд мешаванд.  Дар аксҳои моҳвораӣ ҳатто таъмири роҳҳоро низ мушоҳида кардан мумкин аст.

 

 

Атрофи Театри давлатии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ

Дар атрофи Театри давлатии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ мушоҳида кардан мумкин аст, сол аз сол роҳҳо васеъ гардида, дарахтон кам шудаанд. Биноҳои кӯҳна тахриб шуда сохтмони биноҳои нави баландошёна  идома доранд.

 

 

 

Майдони Истиқлол ва Озодӣ ва чойхонаи "Роҳат"

Тағйироти чашмрас дар хиёбони Рӯдакӣ бунёди майдони Истиқлол ва Озодӣ, ҳамчунин биноҳои баландошёна аст. Тахриби чойхонаи “Роҳат”, ки соли 2025 дигар дар аксҳои моҳвораи наафтидааст. 

 

 

Бозори Корвон

Таъмиру азнавсозии Бозори “Корвон” ва бунёди  биноҳои баландошёнаи истиқоматиро дар аксҳои моҳвораи метавон мушоҳида кард.

 

 

Кӯчаи Айнӣ

Дар кӯчаи Айнӣ ва атрофи он ба ҷои хонаҳои заминӣ биноҳои баландошёна зиёд шудаанд. Дар аксҳо тахриби Бозори “Шоҳмансур” (Зелёный) низ ба назар мерасад.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.