Сабти бемории сӯхтанӣ дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ тасдиқ, вале Кумитаи бехатарии озуқаворӣ инкор мекунад

Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 41 нафар ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шудаанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфт, ин теъдод 26 ҳолат зиёд нисбат ба соли гузашта аст. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дирӯз дар нишасти матбуотӣ иддао кард, ки ягон ҳолати […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 41 нафар ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шудаанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфт, ин теъдод 26 ҳолат зиёд нисбат ба соли гузашта аст. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дирӯз дар нишасти матбуотӣ иддао кард, ки ягон ҳолати гирифтории шаҳрвандони кишвар ба ин беморӣ сабт нашудааст ва ин маълумот асоси воқеӣ надорад.

Абдуллозода гуфт, гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ дар ноҳияҳои Хуросон, Вахш, Левакант, Бобоҷон Ғафуров ва чанд ноҳияи дигар ба қайд гирифта шуда, аз ҳар навоҳӣ як ё ду нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

“Хушбахтона, ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт нашудааст”, – гуфт Абдуллозода.

Ин иттилоъро вазорат қаблан низ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда буд.

 

Ин дар ҳолест, ки 21-уми июл Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ миёни аҳолӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ӯ гуфт, танҳо ду ҳолати бемории сӯхтанӣ дар ҳайвонот сабт шудааст.

Ӯ дар посух ба хабарнигори “Азия-Плюс”, ки тасдиқи Вазорати тандурустиро ёдрас намуд, гуфт, “ин масъаларо Кумитаи бехатарии озуқаворӣ муайян мекунад”.

Ба гуфтаи Абдуллозода, Хадамоти бойторӣ барои пешгирӣ аз паҳн шудани ин беморӣ ҳайвоноти хонагиро моякӯбӣ мекунад.

“Аммо бисёр шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз моякӯбии чорвояшон, ки дар хона нигоҳ дошта мешаванд, даст мекашанд”, – изҳор дошт ӯ.

Ба таъкиди Абдуллозода, дар муассисаҳое, ки ҳайвонот барои гирифтани гӯшт нигоҳ дошта шуда, гӯшти онҳо ба бозорҳо фурӯхта мешавад, ҳатман аз муоина гузаронида мешаванд.

 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Азия-Плюс матлабе бо унвони Марги як сокин ва сӯзонидани 10 гов. Нигаронии сокинони як деҳа дар Хуросон аз хуруҷи бемории сӯхтанӣ дар байни чорво нашр кард ва дар он пайвандони як оила дар ноҳияи Хуросон даъво карданд, ки Қамариддин Раҳимов, як сокини ноҳия ба бемории сӯхтанӣ ё “сибирская язва” сироят ёфта, дар беморхона даргузаштааст.

Сокинони деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон гуфта буданд, бемории сӯхтанӣ  байни чорвои онҳо паҳн шуда, то ҳол тақрибан 10 гове, ки баъди гирифтори аз ин беморӣ фавтиданд, сӯзонидаву гӯронида шудааст.

Баъди нашри ин матлаб Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ду вокуниши алоҳида, вале бо муҳтавои шабеҳ, ба гузориши “Азия-Плюс” вокуниш карданд. Дар вокуниш ҳолати гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ тасдиқ шудаву, аммо марги як нафар аз он рад гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.