Шаҳрдории Душанбе ваъда кард, ки мушкили қатъи об ва фишори пасти он то охири моҳ бартараф мешавад

Шаҳрдории Душанбе ваъда кард, ки то охири моҳи июли соли равон мушкили қатъи оби ошомиданӣ ва фишори пасти он дар баъзе минтақаҳои пойтахт бартараф мешавад. Дар ин бора Баҳром Саидзода, роҳбари КВД “Обу корези Душанбе” имрӯз, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, сабаби қатъ ва фишори пасти об дар пойтахт корҳои васл […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе ваъда кард, ки то охири моҳи июли соли равон мушкили қатъи оби ошомиданӣ ва фишори пасти он дар баъзе минтақаҳои пойтахт бартараф мешавад. Дар ин бора Баҳром Саидзода, роҳбари КВД “Обу корези Душанбе” имрӯз, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба қавли ӯ, сабаби қатъ ва фишори пасти об дар пойтахт корҳои васл ва пайвасткунии қубурҳои нави обгузар мебошад.

“Мумкин ин мушкил то охири моҳ (моҳи июл дар назар аст-з муаллиф) ҳалли худро ёбад”, – таъкид намуд ӯ.

Баҳром Саидзода гуфт, бо маблағгузории Бонки рушди Осиё аз соли 2021 инҷониб ҳамаи қубурҳои обгузари ноҳияи Шоҳмансур нав мешаванд ва корҳо қариб ба анҷом расидааст.

 

Сабаби қатъи об ва фишори пасти он дар пойтахт чист?

Бояд гуфт, қаблан, ба "Азия-Плюс" низ сокинони бархе минтақаи пойтахт, аз ҷумла минтақаи Док ва кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур аз набудани оби нӯшокӣ ва паст будани фишори он шикоят карда буданд.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе низ ин ҳолатро тасдиқ карда гуфт, сокинони маҳалҳое, ки дар боло ишора шуданд, ба шаҳрдорӣ низ аз танқисии оби ошомиданӣ шикоят кардаанд.

Ӯ иддао кард, ки гурӯҳи корӣ аз ин маҳалҳо боздид кард ва мушоҳида шуд, ки сокинон оби ошомиданиро барои ниёзҳои дигари худ истифода мебаранд.

 “Шаҳрвандон дар ҳавлиашон бо оби ошомиданӣ қолин ва ё нақлиёти худро мешӯянд. Аз ин сабаб дар қисмати болоии маҳал сокинон об надоранд”, – гуфт ӯ.

Ба қавли Бахтиёр Шарифӣ, дар назар аст, ки ба таври таҷрибавӣ дар ҳудуди пойтахт низоми биллингии об ҷорӣ карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.