“Тоҷикфилм” гуфт, сабти филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” моҳи август оғоз мешавад

Asia-Plus

Рӯзи 1-уми август банаворгирии филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” оғоз мегардад. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари “Тоҷикфилм” имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, сабти филм соати 16:00 дар сайдони сабт ё павилони “Тоҷикфилм” шурӯъ шуда, дар маросими оғози наворгирӣ муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарияти “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм”, инчунин, ҳунармандони ду кишвар ширкат меварзанд.

Шоҳиён афзуд, марҳилаи аввали наворгирӣ моҳҳои август ва сентябр дар Тоҷикистон ва марҳилаи дуюм моҳҳои октябр ва ноябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Ба қавли ӯ, филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар моварои ҷашни Наврӯзи соли 2026 манзури тамошобинон мегардад.

Дар нишасти хабарии “Тоҷикфилм” гуфтанд, наворбардории филми мазкур дар павилонҳои ин муассиса, маконҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла, қалъаҳои Хуҷанд, Ҳисор, Балҷувон ва дигар маконҳо сурат мегирад.

Раҳбари “Тоҷикфилм” дар нишасти қаблии худ моҳи феврали соли равон гуфта буд, ки сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” пас аз ҷашни Наврӯз шурӯъ шуда, соли ҷорӣ пурра наворбардорӣ ва соли 2026 рӯйи пардаи синамо меояд. Вале маълум мешавад, ки дар ҷашни наврӯз ин кор сурат нагирифт.

Бояд гуфт, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентони ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд.

Моҳи апрели соли 2024 матни филмнома тасдиқ гардид ва аввали моҳи ноябр корҳои омодагӣ ба наворбардории филм оғоз шуданд.

Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, буҷаи умумии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 10 млн доллари амрикоӣ гуфта мешуд.

Аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси ҳикматшинос ва файласуф ҳам ном бурда мешавад, ки бо панду ҳикматҳои хеш ҳамаро ба худ қарин карда буд ва ҳатто ҳукмронони давр низ мафтуни донишу заковати ӯ гардида буданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ ин муносибати дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек мебошад. Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.

Солҳои охир, бо беҳ гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ аз мавзӯҳои муҳиме дар суҳбатҳои сиёсатмадорони ду давлат гаштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...