Барномаи “Ислоҳнигорӣ” ҳанӯз пурра таҳия нашудааст. Раиси Кумитаи забон сабаби онро шарҳ дод

Ҳамакнун, маълум нест, ки барномаи “Ислоҳнигорӣ”, ки қариб 4 сол боз аз сӯи Кумитаи забон ва истилоҳот омода мешавад, кай пурра дастрасӣ омма мегардад. Ин дар ҳолест, ки як соли пеш гуфта буданд, баъди ҷашни Наврӯзи соли 2024 барнома пурра дастраси корбарон мешавад. “Ислоҳнигорӣ” барномае ҳаст, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро […]

Нозанини Исмат, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳамакнун, маълум нест, ки барномаи “Ислоҳнигорӣ”, ки қариб 4 сол боз аз сӯи Кумитаи забон ва истилоҳот омода мешавад, кай пурра дастрасӣ омма мегардад. Ин дар ҳолест, ки як соли пеш гуфта буданд, баъди ҷашни Наврӯзи соли 2024 барнома пурра дастраси корбарон мешавад.

“Ислоҳнигорӣ” барномае ҳаст, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад.

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот имрӯз дар нишасти матбуотӣ чанд сабаби ҳанӯз таҳия нашудани онро шарҳ дода гуфт, ки “барои фаъол гардидани ин барнома барои мо ҷилд – ҷилд китобҳо лозим аст, ки ба ин барнома ворид карда шавад”.

“Бо як – ду корманди Кумита, ки ба ин масълала машғуланд, мо корҳои зиёдеро анҷом додем. Ба ҳар сурат, барнома дар шакли аввалия омода аст”, – гуфт Сахидод Раҳматуллозода.

Дар нишасти матбуотии қаблӣ ӯ гуфта буд, ки баъди ба нашр расидани китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” барномаи мазкур дастраси омма мешавад.

Имрӯз ҳам ба чоп нашудани ин китоб таъкид карда, гуфт, ки “охирин нуқтаҳоро барои чопи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” гузоштем. Аллакай, як нусха чоп гардид ва аз тарафи мутахассисони мо мавриди баррасӣ қарор гирифт”.

Сахидод Раҳматуллозода гуфт, ки “агар мо дар “Ислоҳнигорӣ” фарҳанги кӯҳнаро дохил мекардем, имрӯз боз маҷбур мешудем, фарҳанги навро илова кунем. Ин кори осон нест, бояд миллионҳо калима ворид кунем”.

“Муҳимтарин санаде, ки барои “Ислоҳнигорӣ” лозим аст, ҳамин “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” аст. Агар ҳамин фарҳанг пурра чоп шавад, фикр мекунам, ки дар самти “Ислоҳнигорӣ” корҳо зудтар вусъат хоҳад ёфт”, – гуфт раиси Кумитаи забон ва истилоҳот. 

Ӯ зикр кард, ки барои дастраси ҳама шудани “Ислоҳнигорӣ” ҳоло намунаи савтии ин барномаро корбарӣ доранд.

Бодя гуфт, ки дар сурати роҳандозӣ шудани барномаи “Ислоҳнигорӣ” дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври худкор дар зери он хати сурх мекашад ва шакли дурусти онро пешниҳод мекунад. Ин барномаро дар забони русӣ “Правописание” меноманд ва ҳоло онҳое, ки бо забони русӣ кор мекунанд, аз ин барнома зиёд истифода мебаранд.

Ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд.

Чанд сол боз Кумитаи забон ва истилоҳот аз таҳия шудани барномаи мазкур хабар медиҳад, вале он то ҳол оммавӣ нашудааст. Моҳи августи соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳот гуфта буданд, ки барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон (5-уми октябр) дастраси корбарон мегардад. Моҳи феврали соли 2024 бошад, дар ин ниҳод иттилоъ доданд, ки “Ислоҳнигорӣ” то ҷашни Наврӯз фаъол мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио