“Тоҷикфилм” гуфт, сабти филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” моҳи август оғоз мешавад

Рӯзи 1-уми август банаворгирии филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” оғоз мегардад. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари “Тоҷикфилм” имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, сабти филм соати 16:00 дар сайдони сабт ё павилони “Тоҷикфилм” шурӯъ шуда, дар маросими оғози наворгирӣ муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарияти “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм”, инчунин, […]

Asia-Plus

Рӯзи 1-уми август банаворгирии филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” оғоз мегардад. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари “Тоҷикфилм” имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, сабти филм соати 16:00 дар сайдони сабт ё павилони “Тоҷикфилм” шурӯъ шуда, дар маросими оғози наворгирӣ муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарияти “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм”, инчунин, ҳунармандони ду кишвар ширкат меварзанд.

Шоҳиён афзуд, марҳилаи аввали наворгирӣ моҳҳои август ва сентябр дар Тоҷикистон ва марҳилаи дуюм моҳҳои октябр ва ноябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Ба қавли ӯ, филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар моварои ҷашни Наврӯзи соли 2026 манзури тамошобинон мегардад.

Дар нишасти хабарии “Тоҷикфилм” гуфтанд, наворбардории филми мазкур дар павилонҳои ин муассиса, маконҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла, қалъаҳои Хуҷанд, Ҳисор, Балҷувон ва дигар маконҳо сурат мегирад.

Раҳбари “Тоҷикфилм” дар нишасти қаблии худ моҳи феврали соли равон гуфта буд, ки сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” пас аз ҷашни Наврӯз шурӯъ шуда, соли ҷорӣ пурра наворбардорӣ ва соли 2026 рӯйи пардаи синамо меояд. Вале маълум мешавад, ки дар ҷашни наврӯз ин кор сурат нагирифт.

Бояд гуфт, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентони ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд.

Моҳи апрели соли 2024 матни филмнома тасдиқ гардид ва аввали моҳи ноябр корҳои омодагӣ ба наворбардории филм оғоз шуданд.

Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, буҷаи умумии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 10 млн доллари амрикоӣ гуфта мешуд.

Аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси ҳикматшинос ва файласуф ҳам ном бурда мешавад, ки бо панду ҳикматҳои хеш ҳамаро ба худ қарин карда буд ва ҳатто ҳукмронони давр низ мафтуни донишу заковати ӯ гардида буданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ ин муносибати дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек мебошад. Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.

Солҳои охир, бо беҳ гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ аз мавзӯҳои муҳиме дар суҳбатҳои сиёсатмадорони ду давлат гаштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио