Дар Тоҷикистон чанд деҳа бебарқ аст? Масъулин натавонистанд рақами дақиқе пешниҳод кунанд

Масъулини тақсими барқи Тоҷикистон наметонанд рақами дақиқи деҳоти бе барқро пешниҳод кунанд. Дар ҳамин ҳол, мегӯянд, ки тибқи як лоиҳа ҳоло ба қариб 80 деҳаи се ноҳияи вилояти Хатлон хатти барқ бурда истодаанд. Манучеҳр Хурсандзод, менеҷери Раёсати рушди шабакаҳои барқии ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Масъулини тақсими барқи Тоҷикистон наметонанд рақами дақиқи деҳоти бе барқро пешниҳод кунанд. Дар ҳамин ҳол, мегӯянд, ки тибқи як лоиҳа ҳоло ба қариб 80 деҳаи се ноҳияи вилояти Хатлон хатти барқ бурда истодаанд.

Манучеҳр Хурсандзод, менеҷери Раёсати рушди шабакаҳои барқии ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаи “Бобарқтаъминкунии деҳот” бо 6,5 млн доллар амалӣ карда шуда истодааст.

Ӯ гуфт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур 76 деҳаи навоҳии Шамсиддин Шоҳин, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор дар вилояти Хатлонро бо барқ таъмин мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба саволи рӯзноманигорон дар бораи он ки дар тамоми кишвар чанд деҳа ҳаст, ки бо барқ таъмин нест, ӯ гуфт, “ин маълумотро мо надорем”.

Абдулло Қурбонзода, муовини директори генералии ҶСК "Барқи Тоҷик" низ дар ин бора маълумот надод ва аз рӯзноманигорон хост ин маълумотро аз Агентии омор дастрас кунанд.

 

“Ман фикр мекунам, ки маълумоти дақиқро шумо бояд аз Агентии омор гиред. Ин маълумоти оморӣ аст. Ширкати “Барқи тоҷик” ва ҷамъиятҳои тақсимшуда (Шабакаҳои интиқоли барқ ва Шабакаҳои тақсимоти барқ дар назар аст, – аз Идора) ба истифодабарии системаи энергетикӣ сару кор доранд. Ин маълумоте, ки шумо мегӯед, мумкин, ки Агентии омор дошта бошад, масъул бошад”, – гуфт Қурбонзода.

Дар нишасти матбуотии имрӯза, ки муовинони раис ва дигар масъулини “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ширкат доштанд, ҳозир нашуданд, ки ин оморро бигӯянд.

Номушаххас будани маълумот дар бораи деҳоти бебарқ зимни нишасти матбуотӣ рӯзноманигоронро нигарон кард ва кори масъулини ин се ширкатро зери суол бурд: агар омори дақиқи деҳоти бебарқро масъулин надонанд, чӣ гуна метавонанд ин мушкилро баррасӣ ва барои рафқи камбудӣ барномарезӣ кунанд? Ҳамчунин, бидуни маълумоти дақиқи деҳоти бебарқ чӣ гуна лоиҳаи таъминот бо барқро амалӣ метавон кард, номаълум монд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар паёми худ ба парламенти кишвар охири соли 2024 изҳор дошт, ки аз моҳи майи соли 2027 камбуди неруи барқ дар кишвар пурра аз байн бурда шуда, ҷумҳурӣ ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" мерасад. Ин изҳоротро ӯ ба афзоиши истеҳсоли барқ дар Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ва дигар неругоҳҳои амалкунанда, инчунин бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ рабт дод.

Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад? Дар ин матлаби таҳлилии “Азия-Плюс” бештар маълумот бигиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.