Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, гӯшт арзон шудааст. Воқеият чист?

Меҳрангез Султонзода, Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Арзиши гӯшт дар Тоҷикистон нисбат ба чанд моҳи пеш поён рафта, имрӯз нархи миёнаи он 83,6 сомонӣ аст. Дар ин бора дар нишасти хабарии Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Ин нарх то куҷо бо арзиши воқеии гӯшт дар бозорҳои кишвар мувофиқат мекунад? 

Нуралӣ Асозода, муовини якуми вазири кишоварзӣ рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, “дар қиёс бо чанд моҳи пеш ҳозир нархи гӯшт нисбатан арзон шудааст”.

“Як вақт ҳамин хел шуд, ки нархи гӯшт аз 100 сомонӣ зиёд шуд. Ҳозир бошад, арзиши миёнаи гӯшт 83,6 сомонӣ аст. Албатта, ҷаҳишҳои ночиз ҳастанд, лек арзиши аз 85 ё аз 100 сомонӣ зиёдро мо ба қайд нагирифтаем”, – иброз дошт муовини вазир.

Вале пас аз эътирози рӯзноманигорони дар толор буда, ки гуфтанд арзиши гӯшт дар дӯконҳо аз 95 сомонӣ оғоз мешавад, Асозода фикрашро тағйир дод.

“Дуруст мегӯед, вобаста ба мағозаву маркетҳо арзиши гӯшт то 10 сомонӣ фарқ мекунад. Ҳамчунин, вобаста ба истеҳсолкунандаву сифат низ нархи гӯшт тавофут дорад. Лек, дар маҷмуъ, арзиши миёнаи гӯшт 83,6 сомонӣ аст”, – таъкид дошт Асозода. 

“Азия-Плюс” ба чанд бозори кишвар рафт ва аз нарху сифати гӯшт пурсид ва ин нархҳоро бо чанд моҳи пеш қиёс кард.

 

Арзиши гӯшт дар бозор

Имрӯз арзиши гӯшти гов дар бозорҳои пойтахт аз 75 сомонӣ оғоз ёфта, вобаста ба сифат арзиши гуногун дорад. Аммо 75 сомонӣ арзиши гӯшт бо иловаи тақрибан 300-350 г равған ба 1 кг гӯшт аст. Ба гуфтаи худи фурӯшандагон, нархи гӯшти босифат аз 90-95 сомонӣ оғоз мешавад. 

Моҳи март низ арзиши гӯшт дар дӯконҳои Душанбе тақрибан ҳамигуна буд: аз 90-95 сомонӣ то 150 сомонӣ.

 

Дар шаҳри Турсунзода нархи гӯшти босифат аз 100 сомонӣ бештар аст. Ба гуфтаи харидорон, ин нарх аз моҳи март тағйир наёфтааст.

Дар Хуҷанд гӯшти гов аз 90 то 110-120 сомонӣ арзиш дорад. 120 сомонӣ арзиши гӯшти лаҳм аст. Панҷ моҳ пеш нархи гӯшт дар ин шаҳр аз 85 то 120 сомонӣ буд.

Дар шаҳри Бохтар нархи гӯшт бо равған 95 сомонӣ ва бе равған 100 сомонӣ аст. Моҳи март он аз 85 то 90 сомонӣ арзиш дошт.

Дар Кӯлоб бошад, гӯшт тақрибан 95-100 сомонӣ арзиш дорад. Моҳи март нархи он 90-95 сомонӣ буд.

Боздиди мо аз бозорҳои кишвар нишон дод, ки нархи гӯшт дар 5 моҳи охир поён наомада, гаронтар шудааст.

 

Ин дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Агентии омори кишвар, дар зарфи 6 моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 98,8 ҳазор тонна гӯшт бо вазни зинда истеҳсол шудааст, ки 11,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Пешсаф аз лиҳози минтақа вилояти Хатлон аст, ки ҳиссааш аз ҳаҷми умумӣ ба 46,6% баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, Агентӣ аз гароншавии навбатии гӯшт хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми моҳи июни соли ҷорӣ нархи гӯшти гов дар кишвар 4,1% гарон шудааст. Дар умум, давоми нимсоли соли 2025 арзиши он 6,7% боло рафтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...