Сатҳи оби дарё баланд аст. Мақомот гуфтанд, ҷустуҷӯи ду сарбозе, ки дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, идома дорад

Бо гузашти ду ҳафта ҷустуҷӯи ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, натиҷа надодааст. Онҳо ду ҳафта пеш дар қаламрави Ҳарбмайдон, ки аз қисми низомияшон ба ин машқгоҳ сафарбар шуда будаанд, дар об ғарқ шуданд. Сабаби ғарқ шудани сарбозон маълум нест.  Миралӣ Ҳалимзода, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Бо гузашти ду ҳафта ҷустуҷӯи ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, натиҷа надодааст. Онҳо ду ҳафта пеш дар қаламрави Ҳарбмайдон, ки аз қисми низомияшон ба ин машқгоҳ сафарбар шуда будаанд, дар об ғарқ шуданд. Сабаби ғарқ шудани сарбозон маълум нест. 

Миралӣ Ҳалимзода, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфт,  корҳои ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандону мутахассисони Ситоди КҲФ дар вилояти Хатлон идома дорад, вале то ҳол натиҷае надодааст.

“Дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади як сокини шаҳри Душанбе, ки 20 рӯз пеш дар назди пули Қизилқалъа ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буд, пайдо гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд. Ин ҷавон ҳангоми аз Душанбе омадан дар назди пули Қизилқалъа истода, оббозӣ мекунад, вале ғарқ мешавад”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Миралӣ Ҳалимзода афзуд, кӯшиш доранд, ҷасади сарбозонро ҳарчӣ зудтар пайдо кунанд. Вале ба гуфтаи ӯ, аз сабаби баланд будани маҷрои оби дарёи Вахш ва бо шиддат ҷорӣ шудани он ғавосҳо кор карда наметавонанд ва  кофтуковро мкшкил кардааст.

“Бригадаҳои наҷотдиҳии мо танҳо тариқи лоткаҳо корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд”, гуфт ӯ.

Бори аввал дар бораи ғарқ шудани ду сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён субҳи имрӯз, 6-уми август Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод.

Ин расона аз сарбозони ғарқшуда Солеҳ Худойбердиеви 19-сола ва Равшан Муҳаммади 20-сола ном бурд ва навишт, ки ҳодиса арӯзи 30-юми июл рух додааст.

Ҳамасола, махсусан, бо фарорасии фасли гармиҳо даҳҳо нафар дар каналу дарёҳои Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ё ҳаводиси дигар ғарқ мешаванд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ним соли 2025 дар кӯлу дарёҳои 91 нафар (соли 2024 — 86 нафар) ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.