Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Чанд вақти охир сокинон аз баланд будани арзиши маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт дар бозорҳо шикоят доранд. Бо оғози моҳи Рамазон ин мушкилот аёнтар гардидааст. Ҳафтаи охир пулиси Душанбе 10 фурӯшандаро барои боло бардоштани нархи гӯшт боздошту ҷарима кардаанд.

“Азия-Плюс” ба чанд бозори пойтахт рафт ва аз нарху сифати гӯшт пурсид.

Барои муайян кардани нарху сифати гӯшт, мо ба дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои “Сафариён”, “Меҳргон” ва “Саховат” рафтем.

Мувофиқи нархномаи дар пештоқи дӯконҳои гӯштфурӯшии бозори “Сафариён” (назди Автовокзал) часпонидашуда, нархи 1 кг гӯшти равғандор 75 сомонӣ аст. Яъне, ба гуфтаи фурӯшандагон, аз 1 кг 300-350 гр равған ва боқимонда гӯшту устухон аст. Гӯшти беравған, аммо бо устухон бошад, 90-95 сомонӣ ва гӯшти беустухон 120-150 сомонӣ арзиш доштааст.

Вале гӯшти беустухонро на дар ҳамаи дӯконҳои ин бозор ёфтан мумкин аст. Аксари фурӯшандагон гӯшти лаҳм намефурӯшанд, чун ба қавли онҳо, харидораш кам асту барояшон фоидаи зиёд намеорад.

 

Дар бозори “Меҳргон” низ ҳол ҳамингуна буд. Мувофиқи нархномаи овезонбуда нархи гӯшти гов бо равған 75 ва устухон сомонӣ аст, вале вақте аз фурӯшандаҳо арзиши онро мепурсӣ 95 сомонӣ мегӯянд. Баъд аз пурсуҷӯву эътироз аниқ карданд, ки 95 сомонӣ нархи гӯшти бе равған, вале бо устухон аст.

Дар ин ҷо низ ба 1 кг гӯште, ки 75 сомонӣ фурӯхта мешавад, то 300 г равған илова мешавад. Гӯшти лаҳм бошад – 125 сомонӣ арзиш дорад.

Нархи гӯшт дар бозори “Саховат” нисбат ба ду бозори пешин азонтар будааст – аз 60 то 95 сомонӣ. Дар дӯконҳои ин бозор гӯшти Тоҷикистон ва гӯшти воридотӣ аз Беларус фурӯхта мешудааст.

Ба гуфтаи фурӯшандагон, онҳо 1 кг гӯшти Тоҷикистонро бо равған 75 сомонӣ мефурӯшанд. Гӯшти беравған, лекин бо устухонро бошад, танҳо дар як дӯкон, ки берун аз бозор аст, бо арзиши 95 сомонӣ ёфтан мумкин аст. Дар дигар дӯконҳо гӯштро бе равған намефурӯшанд, “иҷозат нест” гуфтанд фурӯшандагон.

Гӯшти равғандори Беларус бошад, 60-70 сомонӣ ва гӯшти бе равған 70-75 сомонӣ арзиш доштааст. 

“Ба 1 кг аз 100 то 300 гр равған илова мекунем”, – гуфтанд фурӯшандагон.

Дар бозори “Саховат” гӯшти лаҳм намефурӯхтаанд.

 

Сокинон мегӯянд, харидани гӯшти равғандор бар зарари буҷаи оила аст, чун маҷбур мешавӣ равғанро партоӣ. 

“Аслан равғани гов барои омода намудани хӯроке ба кор намеояд. Беъзеҳо онро барои пухтани самбӯса истифода мекунанд, вале барои он ҳам равғани бисёр лозим нест. Агар аз 3 кг гӯшт қариб 1 кг равған барояд, ин сарфи беҳуда аст”, – гуфт харидоре дар назди дӯкони гуштфурӯшӣ.

Ёдрас мешавем, ки Раёсати ВКД дар пойтахт қаблан аз тоҷирону соҳибкорон хоста буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набаранд. Мақомот гуфта буданд, ки дар акси ҳол, нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки  ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева гарон мешаванд. Имсол низ бо шуруи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...