“Қисме баргардонида шуд”. Раиси Додгоҳи олӣ мусодираи молу мулки маҳкумшудагони “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Молу мулки чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву давлатие, ки дар доираи парвандаи маъруфи “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” равонаи зиндон шуданд, қисман мусодира шудааст. Як теъдод аз молу амволеро, ки ҳабс шуда буд, ба наздикони маҳкумшудагон баргардонидаанд. Аммо пули дар бонк нигоҳдоштаи Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷик пурра ба фоидаи давлат мусодира гардидааст.

Дар ин бора Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, мусодираи молу мулк аз ҷониби коллегияи судӣ тибқи моддаи 57 Кодекси ҷиноӣ ҳамчун ҷазои иловагӣ таъйин шуд. Вале на ҳама молу мулки қаблан ҳабсшуда мусодира гардид.

“Як қисми молу мулки ба соҳибмулкии шахсони маҳкумшуда тааллуқдошта мусодираву қисми дигар ба хешу табор ва оилаи онҳо баргардонида шуд”, – зикр кард Лутфуллозода.

Аммо ӯ теъдод ва ҳаҷми молу мулки мусодирашударо дақиқи нагуфт. Ва ҳамчунин, нагуфт, ки ба кӣ чӣ баргардонида шуд.

Пештар, наздикони маҳкумшудагон аз мусодираи хонаву мошинашон хабар дода буданд. Тибқи иттилои дарёфтаи Радиои Озодӣ, бархе аз ин амвол на ба худи маҳкумшудагон, балки ба наздиконашон тааллуқ доштааст, вале бо вуҷуди ин, мусодира шудааст.

 

Пулҳои Рухшона Ҳакимова мусодира шуд

Лутфуллозода гуфт, пулҳои дар бонк нигоҳдоштаи Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки якҷо бо маҳкумшудагони парвандаи “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” равонаи зиндон шуд, ба фоидаи давлат мусодира гардид.

Ба қавли муовини раиси Додгоҳи олӣ, Рухшона Ҳакимова ба содир намудани “ҷинояти дараҷаи махсусан вазнин” айбдор мешавад. Бинобар ин, тибқи моддаи 57 Кодекси ҷиноӣ маблағи дар ҳисоби бонкӣ нигоҳдошташаванда пурра ба фоидаи давлат мусодира шудааст. Вале Лутфуллозода ҳаҷми маблағи мусодирашударо нагуфт.

Қаблан гуфта мешуд, ки маблағи дар бонк нигоҳдоштаи Рухшона Ҳакимова қариб 230 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи пайвандони рӯзноманигор, ӯ ин маблағро барои хариди хона ҷамъ карда будааст.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи иборат аз сиёсатмадорону мансабдорони пешин ва як рӯзноманигор моҳи феврал бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” аз 8 то 27 сол зиндонӣ шуданд. Аксари онҳо айби нисбаташон эълошударо напазируфтанд. Баъзеи онҳо айбро пурра рад карданд. Ҳамаи онҳо аз қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят карданд.

Зинаи таҷдиди назари додгоҳ ҳукми зинаи аввалро бетағйир гузошт ва ҳамаи маҳкумшудагон равонаи зиндон шуданд.

Дар бораи ин парвандаи пурсарусадо аз матлаби “Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод” маълумоти муфассалтар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...