24% дар ним сол. Тоҷикистон аз лиҳози рушди саноат дар ИДМ пешсаф шуд

Тоҷикистон аз лиҳози суръати рашди саноат миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) зинаи якумро касб мекунад. Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 29,6 млрд сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 -ум 24% зиёдтар мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави […]

Тоҷикистон аз лиҳози суръати рашди саноат миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) зинаи якумро касб мекунад. Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 29,6 млрд сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 -ум 24% зиёдтар мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар дод.

Ба ин тариқ, миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистонӣ ба рушди аз ҳама бештар ноил гардида, аз Қирғизистон (17,2%), Ӯзбекистон (6,6%), Қазоқистон (6,5%), Русия (2,4%) ва дигар давлатҳо пеш гузашт.

Шералӣ Кабир таъкид дошт, ки "чунин суръати баланди рушд ба туфайли дастгирии давлат, муҳити мусоиди сармоягузорӣ, ҷорисозии инноватсияҳо ва талошҳои корхонаҳои ватанӣ имконпазир шуд".

Дар сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соҳаи истихроҷ пешсаф буда, 43,1% аз ҳаҷми умумиии истеҳсол ба он рост омадааст. Баъдан истеҳсоли нерӯи барқ (17,2%), саноати сабук (16,2%), мошинсозӣ (8,5%), соҳаи сохтмон (6,1%) ва саноати хӯрокворӣ (5,8%) қарор доранд. Ин 6 соҳа зиёда аз 96% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро таъмин кардаанд.

Саноати истеҳсоли коғаз (1%), саноати пахтатозакунӣ (0,7%), истихроҷи намак (0,9%), нафту газ (0,3%), саноати истихроҷи ангишт (0,4%) ва дигар хидматрасониҳо (0,4%) ҳиссаи нисбатан камтар доранд.

Бахшҳои ҷудогона рушди назаррасро нишон медиҳанд:

– истеҳсоли маводи бастубанд ба андозаи 172%,

– маҳсулоти дорусозӣ – 161,7%,

– таҷҳизоти барқӣ – 136,3%,

– маснуоти резини техникӣ ва фулузот (металлӣ) -129,7%,

– маснуоти пластмасса – 122,6%,

коғаз ва картон – 118,3%,

– маснуоти чармӣ – 111,2%,

– маҳсулоти бофандагӣ – 110,8%.

Дар робита ба савдои хориҷӣ бошад, гардиши умумӣ дар нимсолаи аввал ба 4,73 млрд доллар расида, аз ин миқдор 955,3 млн доллар ба содирот ва 3,78 млрд доллар – ба воридот рост меояд. Ба ин тариқ, ҳаҷми воридот аз содирот қариб 4 баробар зиёд аст.

Тибқи маълумот, то моҳи июли соли 2025 дар Тоҷикистон 2411 адад корхонаҳои саноатӣ амал мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.