Ҳукм барои “лайк”. Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, ки имкони бозбинии ин парвандаҳо ҳаст

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Қонунгузории кишвар имкони бозбинии ҳукмҳоеро, ки дар доираи парвандаҳои вобаста ба писандидан (“лайк”)-у бознашри матолиби дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда содир шудаанд, пешбинӣ кардааст. Вале бо як шарт: агар парванда дигар ҷиноятҳо набошад.

Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, хабар дод.

“Агар ҳукм танҳо дар асоси парвандаи “лайк” содир шуда бошад, имкони бозбинии ҳукм вуҷуд дорад. Аммо агар дар парванда ҷиноятҳои дигар низ бошад, ин меъёри қонун татбиқ намешавад”, – гуфт Рустам Мирзозода.

Тибқи иттилои Умед Каримзода, муовини якуми додситони кулли кишвар, ҳоло 1 ҳазору 507 шаҳрванд бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои мазмуну муҳтавои террористию экстремистидошта” дар зиндонҳо қарор доранд.

Аммо раиси Додгоҳи олӣ таъкид, ки то имрӯз дар робита ба бозбинии ин гуна парвандаҳо ба додгоҳ муроҷиате нашудааст ва аз ин лиҳоз, ҳоло ҳеҷ парвандае бозбинӣ намешавад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки пештар Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси тоҷик ва роҳбари созмони “Ҳимоя” ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки тағйироти нав метавонад на танҳо ба парвандаҳои минбаъда, балки ба ҳукмҳои аллакай содиргаршуда низ таъсир расонад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки дар онҳо барои давъатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм бо шумули амалҳо дар интернет муҷозот пешбинӣ гардид.

Лайку бознашр ва шарҳҳои зери мавод, ки ба ифротгароиву терроризм алоқаманд буданд, ба сифати далели даст доштан ба фаъолияти ҷинояткорӣ дониста мешуданд. Мувофиқи тағйирот, барои ин амалҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 15 сол пешбинӣ гардид.

Аз ҷумла, ба моддаи 179, ки ба даъватҳои оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ” дахл дорад, калимаҳои “дар шабакаи интернет” илова шуд, ки ба истифодаи амали корбарон дар интернет ("лайк", бознашр, шарҳҳо) ба сифати далели терроризмро дастгирӣ кардани онҳо имкон медод.

Дар моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ (даъватҳои оммавӣ ба экстремизм) низ аз 3 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекард.

Ин меъёри қонун ҳамеша боиси интиқоди созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон гардида буд.

Баъди шаш сол, моҳи октябри соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ барои "лайк"-у бознашри матолиб дар интернетро интиқод кард ва бекор кардани онро талаб намуд.

Дар пайи ин, моҳи апрели солди 2025 дар яке аз иҷлосияҳои парлумон Умед Каримзода аз пешниҳоди бекор кардани “ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар навору гузоришҳои нашру паҳнгардида гузоштани “лайк”” хабар дод.

Лоиҳаи қонун дар парлумон маҳқул дониста шуд ва онро 14-уми майи соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонид.

Ва ҳамин тавр, баъди мавриди амал қарор гирифтани он, гуфтугӯҳо дар мавриди бозбинии ҳукмҳое, ки барои писандидану бознашри матолиб дар интернет содир шуда буданд, доғ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...