Рамазон Раҳимзода марги навраси 15-сола баъди шиканҷаи падарашро “ҷинояти мудҳиш” номид

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, парвандаи Парвиз Одинаев, падари Хусрав Одинаев, навраси 15-солаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки гуфта мешавад, дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, ба Додситонии кулл ирсол шудааст. Дар ин бора имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар, дар шарҳи парвандаи Парвиз Одинаев гуфт, марги фарзанд […]

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, парвандаи Парвиз Одинаев, падари Хусрав Одинаев, навраси 15-солаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки гуфта мешавад, дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, ба Додситонии кулл ирсол шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар, дар шарҳи парвандаи Парвиз Одинаев гуфт, марги фарзанд дар пайи шиканҷаи падар “мудҳиштарин ҷиноят” аст. Ӯ афзуд, гарчанде гумонбар кӯшиши пинҳон кардани ҷиноятро дошт, вале аз ҷониби кормандони мақомот дастгир гардид.

Аскарҷон Абдурасулзода, сардори Раёсати тафтишотии ВКД дар шарҳи парвандаи мазкур гуфт, ки нисбати Парвиз Одинаев бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парванда боз шуда, дар баррасии Додситонии кул қарор дорад. Ин  банди қонунгузорӣ аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи номбурда алҳол парастории дигар фарзандони хонавода бар уҳдаи Фарзонаи Шариф, модари Хусрав Одинаев қарор дорад. Парвиз Одинаев дар боздошт аст.

Марги Хусрав Одинаев аз дасти падараш ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Ин ҳодиса пас аз нашри наворе расонаӣ гардид. Дар он навор, ки зоҳиран аз сӯйи Парвиз Одинаев, падари Хусрав Одинаев сабт шудааст, дида мешавад, ки мард аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри иттилоияе ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки рӯзи 26-уми июл мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар дар аввали моҳи июл гунаҳкор дониста, барои ошкор ва иқрор намудан аз пойи писараш бо банд баста бо мошин кашола кардааст.

Ахиран Фарзонаи Шариф дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки фарзандаш аз сӯйи падар дар “адир шиканҷа шудааст”, аммо фарзияи “дар наздаш латукӯб шудани фарзандаш” ва аз сӯйи падар дар таҳхона маҳкам кардани ӯро рад кард. Ӯ иброз дошт, ки писараш “вақтҳои охир беадаб шуда буд”.

Дар бораи Парвиз Одинаев ва ҷузъиёти ин ҳодиса дар матлаби “Аз носкашиву арақнӯшиаш шикоят мекард”. Пайвандони наврасе, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.