Аз соли хониши нав дар 100 мактаби кишвар дарси зеҳни сунъӣ ҷорӣ мешавад

Аз оғози соли хониши имсола – 1-уми сентябр дар беш аз 100 мактаби кишвар дарсҳои иловагии зеҳни сунъи (ҳуши маснӯӣ) ба роҳ монда мешавад. Ин дарсҳо берун аз барномаи таълимӣ буда, ҳафтаи як маротиба барои синфҳои 10 ва 11 ройгон гузаронида мешавад.   Дарси нави “Асосҳои зеҳни сунъӣ” дар мактабҳо Аз Шурои зеҳни сунъии назди […]

Аз оғози соли хониши имсола – 1-уми сентябр дар беш аз 100 мактаби кишвар дарсҳои иловагии зеҳни сунъи (ҳуши маснӯӣ) ба роҳ монда мешавад. Ин дарсҳо берун аз барномаи таълимӣ буда, ҳафтаи як маротиба барои синфҳои 10 ва 11 ройгон гузаронида мешавад.

 

Дарси нави “Асосҳои зеҳни сунъӣ” дар мактабҳо

Аз Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки ташаббускори ин иқдом аст, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳадафи дарсҳо гузоштани замина барои дар барномаи таълимии мактабҳо дар оянда ҷорӣ кардани фанни нав бо номи “Асосҳои зеҳни сунъӣ” мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дарсҳои зеҳну сунъӣ дар соли хониши нави 2025-2026 интихобан дар 100 мактаби кишвар, аз ҷумла 60 мактаби Душанбе ва 40 мактаб дар дигар манотиқи кишвар татбиқ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар даври таҷрибавӣ мактабҳое интихоб шудаанд, ки нисбатан шароити хуби таълим фароҳам ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, интернети босуръат ва тахтаи электронӣ таъмин аст. Инчунин сатҳи дониши хонандагон, бахусус аз фанҳои риёзӣ ба инобат гирифта мешавад.

“Соли гузашта низ дар 25 мактаби ҷумҳурӣ, аз ҷумла 18 мактаби пойтахт ва 7 макотиби Хуҷанду Конибодом, бахусус, мактабҳои типи нав давраи таҷрибавии ин лоиҳа татбиқ гардид ва натиҷаҳои хуб ҳам ба даст омад”, – гуфтанд масъулини Шӯрои зеҳни сунъӣ.

Ҳамчунин гуфтанд, мувофиқи “Стратегияи рушди зеҳни сунъии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки дар кишвар қабул шудааст, бояд то соли 2028 дар барномаи таълимии тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ омӯзиши ҳуши маснӯӣ ҳамчун фанни алоҳида ҷорӣ гардад.

 

Дарсҳо ройгон аст

Манбаъ афзуд, ҳадафи ҷорӣ кардани машғулиятҳои таҷрибавӣ ин таҳлили пешакӣ ва омӯзиши вокуниши хонандагон, омӯзгорон, мактабҳо ва ҷомеа аст.

“Ин машғулиятҳо таҷрибавианд. Аз рӯйи натиҷаҳои аз ин мактабҳо бадастомада, барномаи таълимӣ таҳия шуда, он дар тамоми мактабҳо паҳн карда мешаванд”, – афзуд манбаъ.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дарсҳо ройгон буда, тамоми хароҷоти дигар низ аз ҷониби шӯро пардохта мешавад.

“Аз хонандагон ва мактабҳо чизе талаб карда намешавад. Мактабҳо фақат уҳдадор мешаванд, ки барои таълими хонандагони худ як синфхона ҷудо кунанд, ки соҳиби интернети босуръат, тахтаҳои электронӣ бошад”, – афзуд намояндаи ин Шӯро.

 

Дарсҳо кай ва барои кӣ гузаронида мешавад?

Дарсҳои иловагӣ дар макотибе, ки интихоб мешаванд, барои хонандагони синфҳои 10-11 ва баъди дарси асосӣ гузаронида мешаванд. Дар як гурӯҳ 10-15 хонанда фаро гирифта шуда, ҳафтае як маротиба давоми як соат гузаронида мешавад.

“Агар шумораи мутахассисон зиёд шавад, дар як ҳафта ду маротиба шояд ба роҳ монда шавад. Аммо мутахассисон дар ин бахш дар шароити имрӯза ангуштшуморанд. Бояд шумораи мутахассисонро зиёд кунем”, – афзуд манбаъ.

Шӯро нақша дорад, аз ҳисоби омӯзгорони фанни информатика, ки дар мактабҳо таълим медиҳанд ва ё дигар омӯзгорон, ки бо воситаҳои техникӣ кор карда метавонанд ва дониши хуби риёзӣ доранд, мутахассис омода кунад.

Ба гуфтаи манбаъ, хонандагон пеш аз қабул шудан дар машғулиятҳо аввал аз санҷиш низ мегузаранд, вале нафароне низ, ки дар санҷиш натиҷаҳои хуб нишон намедиҳанд, вале хоҳиши зиёд доранд, метавонанд дар дарсҳои иловагӣ омӯзиш гиранд.

Аз Шӯрои зеҳни сунъӣ гуфтанд, мактабҳое, ки дар онҳо бояд дарсҳо гузаронида шавад, аз ҷониби шуъбаҳои маориф пешниҳод мешавад.

Аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди сарраёсати маорифи пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ҳанӯз ин рӯйхат ниҳоӣ нашудааст, вале меъёрҳое, ки шӯро гузоштааст, ба инобат гирифта мешавад.

Ёдрас мешавем, ки чанд сол инҷониб дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани дарсҳои онлайнӣ баррасӣ мешавад. Ин масъала замоне доғ гардид, ки пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон низ паҳн гардид ва “карантин” ҷорӣ шуд ва аксари кишварҳо, аз ҷумла ҳамсоядавлатҳо ба низоми дарси онлайнӣ гузаштанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ эълон кард, ки дар давраи “карантин” хонандагони тоҷик ба таълими онлайн ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд. Аммо ин “ваъда” дар амал татбиқ нагардид.

Мушкили дигар замоне пеш омад, ки соли 2022 бо сабаби сардии зиёди ҳаво ба хонандагон истироҳат эълон карданд ва ин замон низ масъала доғ гардид.

Вазорати маориф сабаби то ҳол ҷорӣ нашудани таълим бо низоми онлайниро ба суръати пасти интернет ва барқ рабт дода буд. Ҳамчунин барқкушӣ ва омода набудани кишвар ба ин низом низ яке аз сабабҳо гуфта мешуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.