Зимни амалиёти боздошти гумонбарон дар Русия 9 зодаи Осиёи Марказӣ кушта шудаанд

Аз соли 2022 то кунун дар ҷараёни боздоштҳои Хадамоти федералии бехатарӣ (ФСБ) дар Русия  дастикам 70 нафар кушта шудаанд, ки 9 тани онҳо зодагони Осиёи Марказӣ будаанд. Дар ин бора сомонаи "Важние истории" хабар додааст. Ин расона бар асоси гузоришҳои ФСБ, Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, Кумитаи тафтишот, оҷонсиҳои хабарии давлатӣ ва расонаҳои наздик ба нерӯҳои амниятӣ ин оморро […]

Asia-Plus

Аз соли 2022 то кунун дар ҷараёни боздоштҳои Хадамоти федералии бехатарӣ (ФСБ) дар Русия  дастикам 70 нафар кушта шудаанд, ки 9 тани онҳо зодагони Осиёи Марказӣ будаанд. Дар ин бора сомонаи "Важние истории" хабар додааст.

Ин расона бар асоси гузоришҳои ФСБ, Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, Кумитаи тафтишот, оҷонсиҳои хабарии давлатӣ ва расонаҳои наздик ба нерӯҳои амниятӣ ин оморро ҳисоб кардааст.

Ба навиштаи манбаъ, маъмурони ФСБ дар ҷараёни боздошт дастикам 65 нафарро дар Русия ва 4 нафарро дар қисмати ишғолшудаи вилояти Запороже куштаанд. Инчунин, 1 нафари дигар, ба гуфтаи худи хадамоти махсус, дар лаҳзаи боздошт дар наздикии Самара худро бо бомба тарконидааст.

“Дар 28 ҳолат ФСБ кушташудагонро дар омода кардани ҳамлаҳо тибқи фармони хадамоти махсуси Украина ё воҳидҳои ихтиёрии Қувваҳои мусаллаҳи Украина гумонбар донистааст”, – менависад расонаи русӣ.

Тибқи омори "Важние истории", ҳадди ақал 44 кушташуда шаҳрвандони Русия будаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, 9 тани онҳо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Ҳадди ақал 2 нафари кушташудагон шаҳрвандони Қазоқистон будаанд. ФСБ гуфтааст, онҳо гуё бо дастури шохаи "Хуросон"-и ДОИШ ният доштанд, дар каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Маскав таркиш анҷом диҳанд. 

Вале дақиқ гуфта нашудааст, ки дигар кушташудагон шаҳрвандони кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки моҳи феврали имсол се ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми эҳтимолии даст доштан ба терроризм кушта шуданд. Аммо пайвандонаш исрор меварзанд, ки қурбониён майли ифротгароӣ ва гузаштаи ҷиноӣ надоштанд. Ду ҷавон яккаписару ягона ноновари хона будаанд. Бештар дар ин пайванд бихонеду бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио