Боздошти як хонандаи мактаб бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

Мақомоти амниятии вилояти Суғд чанд нафарро бо гумони муомилоти  ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла метамфетамин ё кристал, як маводи сархушкунанда ва  ивазкунандаи маводи мухаддир боздошт кардаанд, ки дар байни онҳо як хонандаи мактаби миёна ҳам будааст. Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд дар як гузориш, ки дар телевизиони маҳаллии “Диёр” нашр шуд, аз ин наврас М. И., сокини […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Мақомоти амниятии вилояти Суғд чанд нафарро бо гумони муомилоти  ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла метамфетамин ё кристал, як маводи сархушкунанда ва  ивазкунандаи маводи мухаддир боздошт кардаанд, ки дар байни онҳо як хонандаи мактаби миёна ҳам будааст.

Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд дар як гузориш, ки дар телевизиони маҳаллии “Диёр” нашр шуд, аз ин наврас М. И., сокини ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ном бурда гуфтааст, ки ӯ хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои ноҳия мебошад.

“Ҳангоми дастгир кардани М. И. аз манзили истиқоматии ӯ 504,9 грамм кристал, ки маводи сархушкунанда ва  ивазкунандаи маводи мухаддир ҳисоб меравад,  дарёфт ва мусодира карда шудааст” – гуфта мешавад дар барнома.

Тавре манбаъ менависад, тафишот  ошкор  кардааст, ки  504,9 грам маводи дарёфтшуда ба амаки наврас Исроилҷон Махкамов, бо тахаллуси “Қорӣ”  тааллуқ дошта, дар ин ҷиноят хонандаи мактаб нақши дастраскунандаи маводи нашъадорро бозидааст.

Дар гузориш омадааст, ки Қурбонов Наимҷон навъҳои гуногуни маводи сархушкунандаро аз Махкамов Исроилҷон ва Болтубаев Насимҷон дастрас мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми дастгир кардани Қурбонов Наимҷон аз ҷайбаш ва каҳдони хонааш 58 адад капсулаҳои сархушкунанда, 17,4 грамм кристал, 212 метамфетамин, 6,8 грам афён дарёфту мусодира гардидааст, ки ин номгуйро аз Махкамов Исроилҷон дастрас кардааст.

Айни замон нисбати ноболиғ  М. И. барои  хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ё тибқи моддаи 347, нисбати се нафар аъзоёни дигари гурӯҳ, Маҳкамов Исроилҷон, Қурбонов Наимҷон ва Болтубаев Насимҷон барои момилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот  идома  дорад.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши чашмраси маводҳои сархушкунанда, мисли метамфетамин нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин навъи маводи мухаддир бештар дар байни наврасону ҷавонон паҳн шудааст.

Аз ҷумла, Самад Зафар, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон гуфт, соли гузашта миқдори маводи психотропии мусодирашуда тақрибан ду баробар ва маводи мухаддири синтетикӣ зиёда аз се баробар афзоиш ёфтааст.

Ӯ афзуда буд, ки аксари ин ва дигар намудҳои маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шуда, бештар байни ҷавонон паҳн мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.