Тими миллии занонаи Тоҷикистон дар радабандии навшудаи ФИФА се зина поён рафт

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯзи 7-уми август радабандии нави дастаҳои мунтахаби занонаи ҷаҳонро нашр кардааст. Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ се зина поён рафта, бо доштани 950.20 хол дар мақоми 158-ум қарор гирифт. Дар радабандии қаблӣ дастаи занонаи кишвари мо зинаи 155-умро касб карда буд. Ба гузориши ФИФА, дар умум дар радабандӣ […]

Asia-Plus

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯзи 7-уми август радабандии нави дастаҳои мунтахаби занонаи ҷаҳонро нашр кардааст.

Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ се зина поён рафта, бо доштани 950.20 хол дар мақоми 158-ум қарор гирифт. Дар радабандии қаблӣ дастаи занонаи кишвари мо зинаи 155-умро касб карда буд.

Ба гузориши ФИФА, дар умум дар радабандӣ 196 тими занона ҳузур доранд. Дар садри радабандии навшуда тағйирот рух додааст. Дастаи мунтахаби бонувони Испания, ки ахиран ба финали Қаҳрамонии Аврупо расида буд, Амрикоро аз ҷои нахуст канор зад ва худаш дар ин рутба қарор гирифт.

Даҳгонаи аввали тимҳои занонаи радабандии ФИФА:

1. Испания – 2066,79;

2. Амрико– 2065,06;

3. Суис (Шветсия) – 2025,26;

4. Англия – 2022,64;

5. Олмон – 2011,56;

6. Фаронса – 1988,68;

7. Бразилия – 1976,30;

8. Ҷопон – 1971,05;

9. Канада – 1967,83;

10. Куриёи Шимолӣ – 1944,22.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи занонаи Ӯзбекистон мавқеи беҳтар дорад ва бо 1487,67 хол  дар ҷои 52-ум аст. Пас аз ин даста, Қазоқистон бо доштани 1175,94 имтиёз зинаи 108-ум, Туркманистон бо доштани 1063,88 имтиёз зинаи 138-ум, Қирғизистон бо доштани 1062,41 имтиёз зинаи 139-ум ва Тоҷикистон бо доштани 950,20 имтиёз зинаи 158-умро касб кардаанд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа аз ҳама мавқеи поёнтар дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.