“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?

Ду моҳ пеш се ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми эҳтимолии даст доштан ба терроризм кушта шуданд. Аммо пайвандонаш исрор меварзанд, ки қурбониён майли ифротгароӣ ва гузаштаи ҷиноӣ надоштанд.  Ду ҷавон яккаписару ягона ноновари хона будаанд. Мо ин қазияро пайгирӣ кардем. Мақомоти Русия рӯзи 13-уми феврал се муҳоҷири тоҷикро ба ҳамлаи эҳтимолии террористӣ ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ду моҳ пеш се ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми эҳтимолии даст доштан ба терроризм кушта шуданд. Аммо пайвандонаш исрор меварзанд, ки қурбониён майли ифротгароӣ ва гузаштаи ҷиноӣ надоштанд.  Ду ҷавон яккаписару ягона ноновари хона будаанд. Мо ин қазияро пайгирӣ кардем.

Мақомоти Русия рӯзи 13-уми феврал се муҳоҷири тоҷикро ба ҳамлаи эҳтимолии террористӣ ба истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Псков гумонбар дониста, ҳарсеро дар як хона ба қатл расониданд.

Ду қурбонии ин ҳодиса – Азизҷон Аъзамқулов ва Ҷовид Орипов – ҳарду зодаи шаҳри Панҷакент, яккаписар ва ягона ноновари хона будаанд. Мо ба хонаи онҳо рафтем ва атрофи ин қазия бо падару модарашон гуфтугӯ кардем.

 

Қурбонии сеюми ин ҳодиса Парвиз Рустамов аст. Ӯ зодаи шаҳри Ҳисор буда, дар шаҳри Псков таксӣ мерондааст. Пайвандони ӯ нахостанд бо “Азия-Плюс” атрофи ин қазия суҳбат кунанд.

Коршиносон мегӯянд, ки ҳеҷ кас бидуни ҳалномаи додгоҳ гунаҳкор маҳсуб намешавад, вале мақомоти амнияти Русия ин паҳлӯи қазияро ба назар намегиранд, аз ин рӯ, ҳар гуна фарзияро расонаӣ мекунанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Русия эҳтимоли ҳамларо ба як созмони байналмилалии террористӣ иртибот медиҳанд, то ба ҳол ҳеҷ созмони байналмилалии террористӣ ҳам перомуни ин тарҳи ҳамла ба роҳи оҳани шаҳри Псков ҳарф назада ва масъулияти онро ба зимма нагирифтааст. Ҳама иттилои расмии Хадамоти амнияти федералии Русияро пайвандони қурбониён ва коршиносони соҳа рад мекунанд.

Шояд ин ҷавонон қурбонии як иттиҳоми беасос шуданд? Мусаффал дар гузориши мо бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.