Бунёди бозори ягонаи Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон бештар ба кадом масоил таваҷҷуҳ дорад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Форуми VIII коршиносии Осиёи Марказӣ дар Тошканд ҷониби Тоҷикистон ба рушди корхонаҳои муштарак барои содирот даъват намуда, аҳаммияти лоиҳаи энергетикии анҷомёфтаи "CASA-1000"-ро таъкид кардааст.

Форум таҳти шиори “Осиёи Марказӣ фазои ягонаи эътимод, амният ва рушди устувор” рӯзҳои 14-15-уми август баргузор шуд. Дар чорабинӣ зиёда аз 100 коршиносу дипломатҳо, намояндагони мақомоти давлатии кишвраҳои минтақа ва ташкилотҳои шарик гирдиҳам омаданд. Бори нахуст дар тӯли 7 соли кори форум ба баррасии масъалаҳо мутахассисон аз Иттиҳоди Аврупо, АСЕАН, Шӯрои Нордӣ, Русия, ИМА ва дигар давлатҳо ҳамроҳ шуданд.  

 

Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба ҳамгироӣ

Дар кори форум Тоҷикистон таваҷҷуҳро ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ барои содирот ба кишварҳои сеюм зоҳир намуд.

“Рушди саноат, таъсиси занҷираҳои ҳамгирошудаи истеҳсолӣ дар комплекси агросаноатӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин бахши истихроҷи кӯҳӣ барои ташаккули арзиши иловашудаи минтақавӣ имкон фаромҳам меоранд”, – изҳор дошт Ораз Муртазозода, муовини аввали раиси Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Тоҷикистон.

 

CASA-1000 – марҳилаи нав дар амнияти энергетикии минтақа

Ҷониби Тоҷикистон ба масоили энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст. Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба охир расидани татбиқи лоиҳаи анҷомёфтаи "CASA-1000"-ро таъкид доштааст.

“Соли 2025 сохтмони хатти интиқоли барқи "CASA-1000", ки низомҳои энергетикии Қирғизистону Тоҷикистонро ба ҳам пайваст, ба охир расид. Ин ба кишварҳои мо ҷиҳати содироти барқи зиёдатӣ ба Афғонистону Покистон дар мавсими тобистон имкон медиҳад”, – иброз доштааст дипломати тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ, чунин ташаббусҳо амнияти энергетикии минақаро мустаҳкам карда, барои роҳ ёфтан ба бозорҳои беруна шароит муҳайё месозанд.

Дар кори форум Агентии ислоҳоти стратегии назди президенти Ӯзбекистон сенарияҳои рушди Осиёи Марказиро то соли 2050 пешниҳод кардааст. Пешниҳодоти калидӣ инҳо чунин буд:

– табдил додани минтақа ба маркази логистикӣ;

–  бунёди бозори ягонаи энергетикӣ;

– лоиҳаҳои муштараки иқлимӣ;

– рушди фазои ягонаи иҷтимоӣ.

 

Харитаи роҳ то соли 2050

Барои Тоҷикистон, ки аз захираҳои неруӣ барқи обӣ (гидроэнергетика) бой аст, ин ташаббусҳо ҷиҳати мустаҳкам кардани мавқеъ дар бозори энергетикии минтақавӣ ва тавсеъаи содироти нерӯи барқ имкониятҳои нав боз мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои маросими рӯнамоӣ намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз пешниҳодҳо ҷонибдорӣ намуда, барои амалисозии муштараки лоиҳаҳо изҳор омодагӣ карданд.

 

Рушди иҷтимоӣ ва ҳамкории фарҳангӣ

Яке аз сатмҳои ҳамкорӣ пешбурди мероси фарҳангӣ дониста шуд. То соли 2026 имкони таъсиси Эътилофи Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи моликияти маснӯӣ барои ҳифз ва тарғиби бофандагӣ баррасӣ мешавад. Дар ташаббус бақайдгирии аломатҳои тиҷоратӣ ва роҳандозии намоишгоҳҳо дар сатҳи байнулмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Форум майдоне шуд барои баррасии пешниҳодҳои оид ба таъсиси Бозори ягонаи минтақавӣ, бунёди Шӯрои сармоягузорӣ, мувофиқасозии сиёсат дар соҳаи об ва иқлим, рушди чорчубаи нақлиётӣ. Аз рӯи натиҷаҳои баҳсу муколамаҳо коршиносон барои Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсияҳо таҳия месозанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...