Номгӯи молу маҳсулоте, ки нархи онҳоро бояд ҳукумат танзим кунад, зиёд шуд

Ба номгӯи молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимои зарурӣ, ки нархи онҳо бояд аз ҷониби ҳукумат танзим шаванд, ангишт илова шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар доданд. Бояд гуфт, ки дар аввал номгӯй, ки бо қарори ҳукумати кишвар тасдиқ шуда буд, аз 16 номгӯйи мол ё гурӯҳи молҳо иборат буд. Соли 2019 ба он […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба номгӯи молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимои зарурӣ, ки нархи онҳо бояд аз ҷониби ҳукумат танзим шаванд, ангишт илова шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар доданд.

Бояд гуфт, ки дар аввал номгӯй, ки бо қарори ҳукумати кишвар тасдиқ шуда буд, аз 16 номгӯйи мол ё гурӯҳи молҳо иборат буд.

Соли 2019 ба он маводи сӯзишворӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ), маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, соли 2020 – нуриҳои минералӣ, органикӣ ва кимиёвӣ барои соҳаи кишоварзӣ илова шуданд.

Дар сурате, ки агар дар давоми як моҳ нархҳо беасос ба андозаи 20% ва зиёда аз он боло бурда шаванд, Хадамоти зиддиинҳисорӣ сатҳи болоии арзиши молу маҳсулотро, ки дар рӯйхат зикр шудааст, ба давраи мушаххас (2-3 моҳ) муайян мекунад. Вале агар маълум шавад, ки чунин нархгузорӣ комилан асоснок аст, Хадамот ба он дахолат намекунад.

Ҳамин тариқ, ҳоло номгӯй аз 20 молу маҳсулот ё гурӯҳи онҳо иборат аст:

1. Орд (навъҳои 1 ва 2)

2. Нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида

3. Маҳсулоти макаронӣ

4. Гандум

5. Биринҷ

6. Картошка

7. Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам

8. Қанди сафед, шакар

9. Равғани растанӣ: равғани пахта ва равғани офтобпараст, равғани маска

10. Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог

11. Наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав

12. Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ

13. Тухми мурғ

14. Намак

15. Чой: навъи сабз ва сиёҳ

16. Ғизои кӯдаконa

17. Маҳсулоти нафтӣ: бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ

18. Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ

19. Нуриҳои минералӣ, органикӣ ва химиявӣ барои соҳаи кишоварзӣ

20. Ангишт ва ангишти бӯр.

Ба иттилои Вазорати саноат, дар ним соли 2025 ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ 1 млн 56 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 110 ҳазор тонна ё худ 12% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.

Истеъмолгари асосии ангишт Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" мебошад, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 343 ҳазор тонна ангишт гирифтааст. Ба аҳолӣ беш аз 268 ҳазор тонна ангишт фурӯхта шудааст.

Дар ин давра аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ҳудуди 262 ҳазор тонна ангишт содир шудааст.

Бақияи ангшт дар корхонаҳои истихроҷ бо назардошти захираҳои солҳои пешин то 1-уми июли соли равона ҳудуди 920 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввал 16 корхона дар 12 кон ба истихроҷи ангишт машғул шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио