Ронандаи мошини боркаше, ки ба дарёи Фон сарозер шуд, то ҳол пайдо нашудааст

Дирӯз, 17-уми август дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” як  мошини боркаши “Спринтер” бо ронандааш ба дарё сарозер шудааст. Ронанда дар мошин танҳо буда, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то ҳол идома дорад. Дар ин бора, аз маркази матбуоти ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини ин роҳ аст, ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, далели садама, тибқи фарзияҳои аввалия, дар хоб мондани ронанда […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми август дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” як  мошини боркаши “Спринтер” бо ронандааш ба дарё сарозер шудааст. Ронанда дар мошин танҳо буда, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то ҳол идома дорад.

Дар ин бора, аз маркази матбуоти ширкати IRS, ки масъули нигоҳубини ин роҳ аст, ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, далели садама, тибқи фарзияҳои аввалия, дар хоб мондани ронанда аст.

Дар бораи ҳуввияти ронанда маълумот дастрас нест ва ба гуфтаи манбаъ, баъди дарёфти ҷасад вобаста ба шахсияти ронанда иттилоъ пешниҳод мешавад.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳодиса тақрибан соатҳои 17:30-18:00 дар километри 114-уми роҳи "Душанбе -Чаноқ", дар деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ  рух додааст.

Манбаъ афзуд, мошини боркаш аз Истаравшан буд, ба самти пойтахти кишвар бор интиқол медод.

Бори аввал, дар бораи сарозер шудани мошини боркаш ба дарё, Радиои Озодӣ аз қавли шоҳидони ҳодиса хабар дода гуфт, ки “дар мошини боркаш ду нафар буда, ҷасади ҳарду ҷустуҷӯ мешавад”. Ин расона гуфт, дар пайи ин ҳодиса, роҳи "Душанбе Хуҷанд, ки ягона масир ба шимоли кишвар аст, "қариб ду соат баста шуд"

Аз ширкати IRS гуфтанд, мошинро бо крани борбардор аз дарё берун овардаанд ва кормандони ҳолатҳои фавқулода ва ширкат то ҳол ҷасадро ҷустуҷӯ доранд.

Бояд гуфт, ҳамасола дар рӯду дарёҳои кишвар ҳодисаҳои ба дарё сарозер шудани нақлиёти сабукраву боркаш зиёд иттифоқ меафтад. Моҳи июли соли ҷорӣ дар Роштқалъа низ як мошин ба дарёи Шоҳдара сарозер ва 4 нафар ғарқ шуда буд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар шаш моҳи соли 2025 дар кишвар 12 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ дар дарёҳо ғарқ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио