Дар Роштқалъа як мошин ба дарёи Шоҳдара сарозер ва 4 нафар ғарқ шудааст

Дар ноҳияи Роштқалъа як мошини сабукрав ба дарёи Шоҳдара сарозер шуда, ронанда ва се мусофири он ғарқ шудаанд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса рӯзи 8-уми июл, тақрибан соати 07:00 рух дода, худи ҳамон рӯз ҷасади яке аз мусофирон дарёфт гардидааст. Ба иттилоъи мақомот, Хоҷадодов Хурсанд, сокини 36-солаи деҳаи Руботи Роштқалъа, рӯзи 8-уми июл ҳангоми […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Роштқалъа як мошини сабукрав ба дарёи Шоҳдара сарозер шуда, ронанда ва се мусофири он ғарқ шудаанд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса рӯзи 8-уми июл, тақрибан соати 07:00 рух дода, худи ҳамон рӯз ҷасади яке аз мусофирон дарёфт гардидааст.

Ба иттилоъи мақомот, Хоҷадодов Хурсанд, сокини 36-солаи деҳаи Руботи Роштқалъа, рӯзи 8-уми июл ҳангоми ҳаракат аз ин деҳ ба маркази ноҳия “аз ӯҳдаи идораи нақлиёт” набаромада, бо мошини тамғаи “Нива” ба дарё сарозер шудааст.

Се мусофири нақлиёт – Давлатназаров Наврас (34-сола), Додихудоев Тирандоз (41-сола) ва Акрамбекова Мадина (26-сола) низ, ки ҳар се истиқоматкунандагони ин ноҳия будаанд, дар дарё ғарқ шудаанд.

Давлатназаров Наврас раиси ҷамоати деҳоти Сежд буда, Додихудоев Тирандоз ва Акрамбекова Мадина зану шавҳар будаанд.

Ориф Нозимиён, сухангӯи КҲФ имрӯз, 10-уми июл, ба “Азия-Плюс” гуфт, “тақрибан баъди се соати ҳодиса наҷотдиҳандагони минтақавии ин ниҳод ҷасади Додихудоев Тирандозро аз об берун оварда, ба пайвандонаш супориданд”.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз ҷасади се тани дигар пайдо нагардидааст ва ҷустуҷӯ идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки охири моҳи майи соли ҷорӣ дар пайи сарозер шудани як мошин ба дарёи Панҷ, ки ронанда ва 6 мусофир дошт, 5 нафар ғарқ шуда буданд. Ронанда ва як мусофири дигар то сарозер шудани мошин худро аз он берун партофта, наҷот ёфта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.