Додгоҳи низомие дар Маскав парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро дарёфт кардааст. Мурофиаи якум кай мегузарад?

Як додгоҳи низомӣ дар шаҳри Маскав парвандаи 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии “Крокус”-ро, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дарёфт кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 8-уми июл бо истинод ба дафтари матбуотии Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Маскав хабар дода, навиштааст, санаи дақиқи мурофиаи додгоҳӣ як моҳ баъд ё 30 рӯз пас муайян […]

Як додгоҳи низомӣ дар шаҳри Маскав парвандаи 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии “Крокус”-ро, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, дарёфт кардааст.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 8-уми июл бо истинод ба дафтари матбуотии Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Маскав хабар дода, навиштааст, санаи дақиқи мурофиаи додгоҳӣ як моҳ баъд ё 30 рӯз пас муайян мегардад.

Ба иттилои манбаъ, қазияи мазкур аз ҷониби се додрас муҳокима мегардад.

“Пеш аз таъини санаи муҳокимаи муқаддамотӣ ё муҳокимаи асосии парванда, ҳайати додрасҳо бояд то 30 рӯз вақт дошта бошад, то бо тамоми ҳуҷҷатҳои 19 айбдоршаванда шинос шаванд”, – гуфтааст Ирина Жирнова, котиби матбуотии додгоҳ.

Маводи парвандаи ҳамла ба “Крокус”, ки дар пайи он 149 кас кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд, аз 450 ҷилд иборат буда, натиҷаи даҳҳо озмоиши додгоҳӣ-тиббӣ ва далелҳои шайъиро дар бар мегирад, ки дар рафти тафтишоти муқаддамотии беш аз яксола ҷамъоварӣ шудаанд.

Ба навиштаи манбаъ, ҳоло макони мурофиа низ муайян нашудааст, зеро бинои асосии додгоҳ дар ҳоли таъмир буда, толорҳои додгоҳи дуюми низомии Маскав ҳамаи иштирокчиёни мурофиаро  ғунҷонида наметавонад.

Ҳамчунин ба гуфтаи яке аз манбаъҳои ТАСС, ҳоло масъалаи ба таври пӯшида, бидуни расонаҳо ва ё боз баргузор шудани мурофиа низ маълум нест.

“Тибқи қонунгузории амалкунанда, додгоҳ метавонад ҷаласаи додгоҳироро аз воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа дар ҳар марҳила пӯшида гузаронад. Додгоҳ метавонад ба хотири таъмини амнияти иштирокчиёни парванда чунин тасмим гирад”, – гуфтааст манбаъ.

Дар курсии айбдорӣ ин гумонбарон нишастаанд:

Фаридуни Шамсиддин;

Далерҷон Мирзоев;

Муҳаммадсобир Файзов;

Саидакрам Раҷабализода;

 Умедҷон Солиев;

Мустақим Солиев;

Шаҳромҷон Гадоев;

Зубайдулло Исмоилов;

Ҳусейн Ҳамидов;

Муҳаммадзоир Шарифзода;

Ёқубҷон Юсуфзода;

Лутфуллои Назримад;

Ҷумъахон Қурбонов;

Ҳусейн Медов;

Ҷабраил Аушев;

Алишер Қосимов;

Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи 19 гумонбар ба “Феҳристи террористони Русия” шомил шудаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ба истиснои 19 нафар, ки парвандаашон ба додгоҳ ворид шуд, ҳоло тафтишот нисбат ба 2 фармоишгар ва 4 ширкаткунандаи дигари ин ҳамла идома дорад.

Тақрибан як моҳ пештар Кумитаи тафтишоти Русия гуфта буд, ки тафтиши  парвандаи 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар канораи Маскавро ба анҷом расонида, онро ба додситонӣ фиристодааст.

Кумитаи тафтишотӣ Киевро фармоишгари асосии ин ҳамла медонад ва менависад, ки иҷрокунандагони ҳамлаи террористӣ кӯшиш карданд, ки баъд аз содир кардани ҷиноят ба Украина гурезанд.

Маълум нест, боздоштшудаҳо то куҷо бо вакили дифоъ ва ёрии ҳуқуқии таъмин мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” яке аз ҳамлаҳои бузург дар Русия буд, ки дар пайванд ба он даҳҳо кас, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт шуданд. Аз ҷумла, Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия қаблан эълом карда буд, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.

Чаҳор нафари гумонбарони асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки ҳамчун иҷрокунандаи асосии он гуфта мешаванд. Вале шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.