Мақомот сабаб ва хисороти сӯхтор дар кӯҳҳои минтақаи Раштро шарҳ доданд

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Хадамоти оташнишонии ноҳияи Рашт мегӯяд, дар як рӯз дар кӯҳу пуштаҳои минтақаи Рашт ду ҳодисаи сӯхтор сар задааст, ки сабаби оташгирии якум, оташбозӣ буда, омили сӯхтори дуввум то ҳол маълум нест.

Навори сӯхтор дар кӯҳҳои минтақаи Рашт дар рузҳои истироҳатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва боиси нигаронии корбарон ва аҳолии маҳаллӣ гардид.

Аминҷон Қурбонзода, як масъули Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияи Рашт дар сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарду ҳодиса рӯзи 15-уми август дар минтақаи Сари Пули шаҳракаи Ғарм ва дараи Камароби ноҳияи Рашт сар задаааст

Манбаъ афзуд, сӯхтор дар пуштаҳои минтақаи Сари Пули шаҳракаи Ғарм ҳудуди 10-12 гектарро фаро гирифта, сабаби он оташбозӣ мебошад. Он худи ҳамон рӯз, давоми 4 соат хомӯш карда шудааст.

“Сабаби оташ гирифтани дараи Камароб маълум нест ва оташ ҳудуди васеъро ҳам фаро нагирифтааст. Он танҳо ҳудуди 10-15 сотихро фаро гирифтаасту халос”- гуфт ӯ.

Манбаъ тасдиқ кард, ки айни ҳол сӯхтор пурра хомӯш карда шуда, ягон хатар вуҷуд надорад.

Пештар аз ин, 14-уми август дар кӯҳу теппаҳои назди сарҳадии вилояти Суғд низ сӯхтор сар зада буд, ки ба гуфтаи мақомот сӯхтор аз Ӯзбекистон гузаштааст.  

Сӯхтор гирифтани кӯҳу теппаҳои кишвар ду моҳи охир аҳолиро нигарон кардааст. Мақомот низ тасдиқ менамояд, ки имсол дар кишвар сӯхтор зиёд шудааст, ки сабаби он гармии зиёд ва бемасъулиятии бархе аз сокинон гуфта мешавад.  

Оҷонсии хоҷагии ҷангал дар нишасти матбуотии худ гуфт, имсол дар ҷангалҳои 9 шаҳру навоҳии кишвар сӯхтор сар зада, беш аз 434 гектарро фаро гирифтааст.

Қаблан, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз мавсими хавфи сӯхтор дар минтақаҳои кӯҳӣ хабар дода, гуфта буд, ки хавфи сӯхтор аз 15-уми апрел то 15-уми ноябр давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...