Тақсими “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон аз ВМКБ оғоз шуд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Тақдими китоби “Шоҳнома”, ҳамосаи безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ  аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон (ВМКБ) оғоз шуда, ҳоло тақсими он дар навоҳии минтақаи Рашт идома дорад. Ба ҳар оила як ҷуфт китоб, ки ду ҷилди 1200-саҳифаиро дарбар мегирад, тақдим мешавад.

Ба иттилои Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки масъули тақсими китоб дар минтақаи Рашт аст, аллакай дар навоҳии Лахшу Тоҷикобод китоб тақсим шуда, ҳоло тақсимот дар ноҳияи Рашт идома дорад. Интизор меравад, ки баъдан дар навоҳии Нуробод, Сангвор, Роғун ва Файзобод китоби “Шоҳнома” ба мардум тақдим гардад.

Ӯ гуфт, “дар водии Рашт беш аз 20 ҳазор ҷуфт китоб ба аҳолӣ тақдим мегардад”.

Маълум нест, ки теъдоди китоби то имрӯз нашршуда дар умум чӣ қадар аст. Ба эҳтимоли қавӣ, тақдими китоб ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо навбат идома меёбад.

Қаблан, аз Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, бо нашри теъдоди кофии “Шоҳнома” дастури алоҳида ба тавсиб мерасад ва он “то соли 2026 ба аҳолии Тоҷикистон тақдим мегардад”.

Китоби “Шоҳнома” аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Тоҷикистон нашр мешавад. Онро нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи президент ба табъ мерасонад.

Дар пешгуфтори китоб ишора шудааст, ки ин китоб туҳфа аз номи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст.

 

Туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар

Бояд гуфт, дастур дар бораи нашр ва тақдими ройгони китоби “Шоҳнома” ба аҳолии кишвар моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ироа гардида буд.

Моҳи июни соли ҷорӣ аз Вазорати фарҳанг гуфта буданд, таҳияи китоб пурра ба анҷом расида, он дар ду ҷилд дар марҳилаи нашр аст.

Гуфта мешуд, ки ба далели ҳаҷман бузург будани асар ва зиёд будани теъдоди нашр, чопи он вақти зиёд талаб мекунад ва бо нашри теъдоди муайян тақсими он шурӯъ мешавад.

Қаблан, Шамсиддин Муҳаммадиев, муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳо гуфта буд, барои чопу тавзеҳи китоб дар академия гурӯҳи махсуси корӣ дар ҳайати мутахассисону олимони шоҳномапажӯҳ таъсис ёфт ва ин гурӯҳ “дар муҳлати пешниҳодшуда… ду ҷилди бузурги 1200-саҳифаиро ба нашриёт барои нашр супорид”.

Гуфта мешавад, ки матни асар мувофиқи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар 7-уми марти соли ҷорӣ зимни вохӯрии худ бо бонувон аввалин нусхаҳои нашри пурраи “Шоҳнома”-ро ба онҳо тақдим карда буд.

Бояд гуфт, ки асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Ин асар бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров низ бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Тоҷикистон чоп гардида, ба ҳар оила дастрас гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...