Аз дастури президент 1,5 сол гузашт. Китоби “Шоҳнома” кай ба аҳолӣ тақдим мегардад?

Нашри китоби “Шоҳнома”, ҳамосаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, яке аз бузургтарин шоири классики тоҷик дар нашриёти “Шарқи озод” оғоз гардида, "то соли 2026 ба аҳолии Тоҷикистон тақдим мегардад". Дар ин бора Иброҳим Аҳмад, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар дод. Моҳи декабри соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ нашр […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Нашри китоби “Шоҳнома”, ҳамосаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, яке аз бузургтарин шоири классики тоҷик дар нашриёти “Шарқи озод” оғоз гардида, "то соли 2026 ба аҳолии Тоҷикистон тақдим мегардад". Дар ин бора Иброҳим Аҳмад, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Моҳи декабри соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми аҳолии кишвар ройгон тақсим карда шавад. Аз замони дастур ҳудуди 1,5 сол гузашт.

Ин масъули вазорати фарҳанг гуфт, ҳоло корҳои таҳияи китоб пурра ба анҷом расида, он дар ду ҷилд дар марҳилаи нашр аст.

Вай мушаххас нагуфт, ки тақсими он ба аҳолӣ кай оғоз мегардад ва танҳо афзуд, “бо нашри теъдоди муайян тақсими он шурӯъ мешавад”.

“Теъдоди кофӣ, ки нашр шуд, дастури алоҳида ба тавсиб мерасад ва мувофиқи он ба хонаводаҳои кишвар тақдим мегардад”, – гуфт Иброҳим Аҳмад.

Ба гуфтаи ӯ, ба далели ҳаҷман бузург будани асар ва зиёд будани теъдоди нашр, чопи он вақти зиёд талаб мекунад.

Пештар, Шамсиддин Муҳаммадиев, муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳо гуфта буд, барои чопу тавзеҳи китоб дар академия гурӯҳи махсуси корӣ дар ҳайати мутахассисону олимони шоҳномапажӯҳ таъсис ёфт ва ин гурӯҳ “дар муҳлати пешниҳодшуда кори таҳия, таҳрир, муқоиса, муқобала, бозхонӣ ва тасҳеҳи матни мукаммали “Шоҳнома” ва таҳияву тавзеҳи луғату вожагони номафҳуми асарро ба охир расонида, дар ду ҷилди бузурги 1200-саҳифаӣ онро ба нашриёт супорид”.

Гуфта мешавад, тавзеҳи поварақҳо, абёти иловагии ҳошияи китоб пурра ҳазф шуда, шарҳи луғоту тавзеҳоти вожаҳои нофаҳмо дар охири матни китоб ҷой дода шудаанд. Инчунин матни асар мувофиқи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.

Манбаъ гуфтааст, ки барои матни китоб аз осори классикон 20 адад, аз асарҳои Олим Камолзода 4 ва аз осори Маҳмуди Фаршчиён 8 миниатюра интихоб гардидааст.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури кишвар 7-уми марти соли ҷорӣ зимни вохӯрии худ бо бонувон аввалин нусхаҳои нашри пурраи “Шоҳнома”-ро ба онҳо тақдим карда буд.

Ёдрас мешавем, дастури нашр ва тақсими рпойгони китоби “Шоҳнома”-ро Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дод.

Ӯ гуфт, ин “ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш” аст.

Бояд гуфт, ки асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Ин асар бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров низ бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Тоҷикистон чоп гардида, ба ҳар оила дастрас гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.