Таассуроти сокинони Остона аз ярмаркаи маҳсулоти Тоҷикистон

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сокинони пойтахти Қазоқистон – Остона аз намоишгоҳи маҳсулоти вилояти Суғди Тоҷикистон, ки рӯзҳои 16–17-уми август дар назди "Барис Арена" баргузор шуд, таассуроти нек ҳосил карданд. Агар бархе мафтуни бӯи хуши палов, фазои бозори шарқӣ ва барномаи консертӣ шуда бошанд, чандеи дигар аз навбатҳои тӯлонӣ, нархҳои баланд, мушкилоти пардохт ва дастрасии маҳдуд ба гӯшаҳои фурӯш изҳори норозигӣ карданд.

 

Фазои бозори шарқӣ ва навбат барои оши палав

"Ин на танҳо бозор, балки як рӯйдоди воқеии фарҳангист. Муҳиту фазо он қадар ҷолиб аст, ки худро воқеан дар як бозори шарқӣ эҳсос мекунӣ. Мо на танҳо маҳсулоту савғотӣ (туҳфаи ёдгорӣ) харидем, балки аз рӯҳияи фарҳанги тоҷикӣ низ нерӯ гирифтем", – чунин баён кардааст кард таассуроташро яке аз занони тамошобини чорабинӣ.

Ба ошхонаи миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мешуд. Бӯйи хӯришҳову нони гарм мардумро ба сӯйи гӯшаҳои фурӯш мекашид. Ошпазҳо ҳар рӯз дар даҳ дег беш аз як тонна палов  ва нонвойҳо дар шаш танӯр ҳазорҳо нон ва самбӯса мепухтанд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик фазои идона фароҳам оварда, хусусиятҳои миллиро таъкид мекард.

Тибқи маълумоти ҳукумати шаҳр, ба Остона зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот оварда шуд: тарбузу харбуза, ангур, меваҳои хушк, чормағз, инчунин қолину зарф ва матоъҳои дастӣ. Бисёре аз сокинон таъкид карданд, ки ин як имконест барои харидани меваи тару тоза аз истеҳсолкунандагони бевосита ва шиносоӣ бо ҳунарҳои дастии устоҳои тоҷик аст.

Ба фарқ аз ду сол пеш, имсол хӯрокҳои ройгон пешниҳод нашуданд, вале таваҷҷуҳ ба меваҳо ва маҳсулоти Тоҷикистон ҳамоно баланд боқӣ монд.

Нархҳо тақрибан ба бозорҳои маъмулӣ дар Остона баробар буданд:

1 кг ангур 1000 танга,

1 дона харбуза – 3000 танга,

1 кг зардолуқоқ – 2500 танга,

тухми офтобпараст (семички) – 3000 танга.

Тарбузҳо аллакай рӯзи аввал пурра фурӯхта шуданд. (100 танга – беш аз 17 сомонӣ аст).

Бахусус оши палов, ки дар дегҳои калон пухта мешуд, маъмул буда, бо 1000-1500 танга фурӯхта мешуд ва пардохти маблағро танҳо бо пули нақд талаб мекарданд.

Ба ғайр аз хӯрок, дар ярмарка матоъҳои истеҳсоли Тоҷикистон, қолину болишт ва ороишоти этникӣ низ пешниҳод мешуданд. Аммо таваҷҷуҳи асосии меҳмонон ба меваҳо ва таомҳои миллӣ равона буд.

 

Сокинони Остона аз тарзи ташкили ярмарка ва нархҳо шикоят доштанд

Бо назардошти таҷрибаи пешина, мақомоти Остона байни гӯшаҳои фурӯш ва меҳмонон  монеаҳо (панҷараҳо) гузошта, дар канори онҳо кормандони пулис навбатдорӣ мекарданд. Дастандаркорон чунин чораҳоро таъмини бехатарӣ ва пешгирӣ аз издиҳом дар ярмарка шарҳ доданд.

Бархе аз меҳмонон аз навбатҳои тӯлонӣ, бахусус дар майдони назди пухтани палав, изҳори норозигӣ карданд. Дигарон аз сатҳи ташкилии чорабинӣ розӣ набуданд: аксари фурӯшандагон пардохти онлайн надоштанд ва мақомот бо гузоштани панҷара байни мардум ва гӯшаҳои фурӯш, кӯшиданд, ки аз издиҳом ҷилавгирӣ кунанд.

«Ҳукумати шаҳри Остона бо анъанаҳои беҳудаи худ мардумро ба як оғили танг андохт, роҳ гаштан номумкин аст, ҳоҷатхонаҳо баста, ҳама чизро бо “гвардияи кардинал” муҳосира карданд… Фақат фурӯшандаҳо хушҳоланд, ки тарбузу харбузи худро бе тарозу, ҳамту бо чашм ба “қазоқҳои сарватманд” бо нархи секарата фурӯхтанд – аз 2 то 4 ҳазор танга барои як дона», – навиштааст дар Фейсбук яке аз сокинон.

 

Ярмарка ҳамчун рамзи дӯстӣ

Сарфи назар аз интиқодҳо, бисёре аз сокинон таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии Қазоқистон ва Тоҷикистон аҳаммияти калон доранд. Фазои идона, барномаи консертии ҷолиб ва фаровонии маҳсулот дар хотири ҳамаи онҳое, ки ба ярмарка омаданд, муддати дароз боқӣ хоҳад монд.

Мақомоти Остона изҳор доштанд, ки ҳадафи асосии ин чорабинӣ рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...