Вазорати маориф ва илм: Хариду фурӯши либос дар мактаб манъ аст

Вазорати маориф ва илми кишвар дар робита ба нигаронии шаҳрвандону расонаҳо пиромуни фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ ва паст будани сифати онҳо вокуниш кард. Ин ниҳод бо нашри баёнияе гуфтааст, дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад. Ба гуфтаи вазорат, масъули ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос ва дигар лавозимоти мактабӣ, Вазорати […]

Вазорати маориф ва илми кишвар дар робита ба нигаронии шаҳрвандону расонаҳо пиромуни фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ ва паст будани сифати онҳо вокуниш кард.

Ин ниҳод бо нашри баёнияе гуфтааст, дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад.

Ба гуфтаи вазорат, масъули ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос ва дигар лавозимоти мактабӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар буда, сифати онҳо аз ҷониби “Тоҷикстандарт” санҷида мешавад.

“Ярмаркаҳо берун аз муассисаҳои таълимӣ, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот бояд баргузор шаванд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии хонандагон ба лавозимоти хониш мебошад”, – омадааст дар баёния.

Ин ниҳод ҳамчунин дар робита ба либоси ягонаи мактабӣ гуфтаст, ки барои хонандагону омӯзгорон дастурамали либосҳои тавсиявӣ ирсол кардааст, ки танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад.

Дар вокуниш омадааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ дорад бо хоҳишу имконияти худ ва бе дахолати шахсони дигар мол ё хизматрасонии дилхоҳро интихоб намояд. Мақомот ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ моддаи 3-и Қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”-ро истинод овардааст.

Вазорат аз шаҳрвандон хостааст, дар сурати пайдо шудани шикоятҳо вобаста ба фурӯши иҷбории либоси мактаби ва сифати он ба масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав, “Тоҷикстандарт” ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола сокинони кишвар аз нархи гарон ва сифати пасти либосҳое, ки дар ярмаркаҳо фурӯхта мешавад, шикоят мекунанд. Сонинон иддао доранд, масъулини мактабҳо аз онҳо талаб мекунанд, ки либосҳои мактабии фарзандонашонро танҳо аз нуқтаҳои махсус харидорӣ кунанд ва расид (чек)-ро ба маъмурияти мактаб нишон диҳанд.

Бояд гуфт, Вазорати маориф ва илм қариб ҳамасола чунин изҳорот пахш мекунад, вале он ё ба гӯши масъулин норасида мемонад ва ё вокунишҳои вазорат танҳо замоне нашр мешавад, ки аллакай замони харидории либосу лавозимоти мактабӣ гузаштааст ва шаҳрвандон имкони баргардонидани онро надоранд.

Соле пеш низ, вазорат охирҳои моҳи сентябр, баъди гузаштани як моҳи хониш чунин изҳорот нашр карда буд.

Имсол дар ярмаркаҳшои Душанбе нарху сифати либосу лавозимоти мактабӣ чӣ гуна аст, дар ин мавод хонед: "Сол аз сол душвор мешавад". Нархи либосу лавозимоти мактабӣ чанд аст?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.