Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати ВКД дар Душанберо ифтитоҳ кард

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе, соҳиби бинои нав шуд. Бинои нав имрӯз, 19-уми август бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ифтитоҳ гардид. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навиштааст, бинои нав аз чор қисм ва 10 ошёна иборат буда, дар масоҳати наздик ба ду гектар аз ҳисоби буҷаи […]

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе, соҳиби бинои нав шуд. Бинои нав имрӯз, 19-уми август бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ифтитоҳ гардид.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навиштааст, бинои нав аз чор қисм ва 10 ошёна иборат буда, дар масоҳати наздик ба ду гектар аз ҳисоби буҷаи ҳукумати шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Он дар рӯбарӯи Корхонаи нассоҷии тоҷик (Текстил) ҷойгир аст.

Ба иттилои манбаъ, иншоот дорои толори варзиш барои машқу тамрини бадан, майдонҳои футболи хурд ва волейбол мебошад.

“Бинои тозабунёд дорои инфрасохтори мукаммал ва имкониятҳои фарох буда, 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд, волейбол ва дигар намудҳои варзишро дар бар мегирад”,-омадааст дар хабари расмӣ.

Тибқи иттилои манбаъ, дар инҷо ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсейи “Дурахшандагон”-и ВКД-ро, ки барои 640 хонанда дар назар гирифта шудааст, муаррифӣ кардаанд.

Инчунин, субҳи имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати ВКД дар пойтахтро ба истифода дода, аз намоиши таҷҳизоти ҳарбӣ боздид кардааст. Ин даста чанде пеш таъсис ёфта буд.

Ба иттилои расмӣ, иншоот аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони сеошёна иборат буда, дорои майдонча ва майдони варзишӣ мебошад.

“Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, ҳамаи он дар омодагии хуби доимӣ қарор дорад”, – гуфта мешавад дар хабар.

Эмомалӣ Раҳмон “бо ёдоварӣ аз вазъи басо мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад”, аз мақомоти қудратӣ талаб кардааст, ки “барои ҳифзи дастовардҳои Ватани соҳибистиқлол ва амну суботи пойдори Тоҷикистон” ҳамеша омодагии зарурӣ дошта бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.