“Авбошоне”, ки меваҳоро дар ярмаркаи Тоҷикистон дар Остона тороҷ карданд, муҷозот мешаванд

Ҳокими шаҳри Остона Женис Қосимбек изҳор доштааст, ки авбошон ё худ “вандалҳое” ки меваҳоро тороҷу рафҳоро дар ярмаркаи фермерони тоҷик шикастаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. «Баъзе қазоқистониҳо дар ярмарка айвону раф ва ороишотро шикастанд. Далелҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ низ ҷой доштанд. Ин нишондиҳандаи маданияти паст, надонистани қадри кори дигарон аст. Бар асари амали баъзе […]

Ҳокими шаҳри Остона Женис Қосимбек изҳор доштааст, ки авбошон ё худ “вандалҳое” ки меваҳоро тороҷу рафҳоро дар ярмаркаи фермерони тоҷик шикастаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

«Баъзе қазоқистониҳо дар ярмарка айвону раф ва ороишотро шикастанд. Далелҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ низ ҷой доштанд. Ин нишондиҳандаи маданияти паст, надонистани қадри кори дигарон аст. Бар асари амали баъзе одамон ҳамаи сокинони Остона бадном шуданд», – гуфтааст Женис Қосимбек.

Вай ба пулис дастур додааст, ки афроди ба авбошиву вайронкорӣ ва бетартибиҳо дастзада муайян шуда, ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд, хабар медиҳад Kursiv.media.

Дар доираи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Остона кишоварзони вилояти Суғд ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карданд. Онҳо дар рафҳои зинадор (пирамидаҳо) меваҷот гузоштанд. Баъди ба охир расидани ярмарка деҳқонон ба бепул тақсим кардани маҳсулоташон шурӯъ карданд. Ин ба он оварда расонд, ки одамон ба болои рафҳо баромада, худашон маҳсулот мегирифтанд.

Муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории Остона Мақсат Жанабоев гуфтааст, кишоварзони тоҷик барои нобуд нашудани меваҳо бар асари гармӣ, исрор варзидаанд, ки онҳо бепул тақсим карда шаванд.

"Маҳсулот воқеан хеле хуб аст. Тарбузро аз Тоҷикистон ба мо намеоранд, зеро интиқоли он хеле гарон меафтад, аз ин рӯ мардум ба таъми тарбузу харбузаи ширини Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доштанд. Он дар ҳақиқат болаззат аст, ман худам онро чашидам. Фикр мекунам, мардум мехостанд таъми маҳсулоти Тоҷикистонро бичашанд”, – гуфт Мақсат Жанабоев.

Жанабоев зикр кардааст, ки чорабинӣ хуб гузашт. Кишоварзони тоҷик дар давоми ду рӯз 1000 тонна маҳсулот фурӯхтанд. Як қисми он ба фурӯш рафта, қисми дигарро, ки “дар арчаву рафҳои зинадор гузошта шуда буд, бепул тақсим карданд”.

«Шахсони ба пирамидаҳо баромада худи деҳқонон буданд, ки онро гузоштанд ва инро барои он карданд, ки сокинони маҳаллӣ ба он набароянд. Ин ба хотири бехатарӣ буд», – шарҳ додааст Жанабоев.

Ёдрас мекунем, ки аз ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон дар Остона рӯзи 26 август ҳамчунин сраони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Тоқаев боздид намуданд. Онҳо бо сарулибоси миллии тоҷикӣ, қолину матоъ, маснуоти ороишӣ ва асбобҳои мусиқӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.