Дар варзишгоҳи нави Душанбе, ки ҳоло сохтмонаш идома дорад, сӯхтор сар зад

Asia-Plus

Субҳи 20-уми август дар қисме аз варзишгоҳи нави Душанбе, ки ҳоло сохтмони он ҷараён дорад, сӯхтор сар задааст. Он ҳоло хомӯш карда шуда, сабаби оташгирӣ номаълум аст.

Хабарнигори “Азия-Плюс” аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки ҳоло сӯхтор хомӯш шуда, гурӯҳҳои оташнишонӣ ба маҳалли сӯхтор ҳастанд. Аз наворҳо дида мешавад, ки сӯхтор дар ошёнаи якуми варзишгоҳ сар задааст.

Мақомот аз додани ҳар гуна иттилоъ, аз ҷумла сабаб ва ҳаҷми сӯхтор худдорӣ карданд.

 

Варзишгоҳи калонтарини кишвар  чӣ гуна мешавад?

Варзишгоҳи нави Душанбе дар майдони 9,5 гектар барои 30 ҳазор тамошобин сохта мешавад. Масоҳати майдони футболи варзишгоҳ 105 ба 68 метр аст. Лоиҳа тавассути ширкати чинӣ дар доираи дастгирии лоиҳаҳои ФИФА амалӣ мешавад.

Сохтмони ин майдон дар пойтахт ҳанӯз соли 2019 оғоз ёфта буд ва интизор мерафт, ки дар соли 2021-дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Вале дар ин вақти гуфташуда сохтмон ба анҷом нарасид.

Сабаби дар вақти зарурӣ ба итмом нарасидани сохтмони варзишгоҳ номаълум аст.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта гуфтанд, варзишгоҳи нави шаҳри Душанбе соли 2026 дар ҷашни 35 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад.

Сохтмон иншоот моҳи марти соли гузашта дар қитъаи назди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар “Ҷазира”) оғоз гардида буд. Барои сохтмони он наздики 300 бинокор аз 4 ширкати сохтмонӣ ҷалб шуда буданд.

Дар ошёнаи якум зери минбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ ҳуҷраи ивази либоси варзишгарон ва доварон, ҷойи шустушӯй ва бунгоҳи тиббӣ, инчунин толорҳои машқ ва қаҳвахона сохта мешаванд.

Барои меҳмонони воломақом сохтмони ҷойи нишасти махсуси VIP дар баландии 18 метр дар назар аст. Инчунин барои меҳмонон боз 448 ҷой, майдони сайругашт дар баландии зиёда аз 9 метр ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ҳар кадоме аз минбарҳои варзишгоҳ даромади алоҳида хоҳад дошт. Дар наздикии қаламрави варзишгоҳ сохтмони иншооти зерсохтор ва ёридиҳанда, инчунин таваққуфгоҳ барои 2 ҳазор автомашина ба нақша гирифта шудааст.

Дар нақша аст, ки дар дохили варзишгоҳ осорхонаи таърихи футболи тоҷик бунёд хоҳад шуд. Дар осорхона нигораҳои марбут ба рушди футбол дар кишвар гузошта шуда, он ба маркази муҳими фарҳангӣ барои мухлисони футбол ва варзишгарон табдил хоҳад ёфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...