Ҷойи нишасти VIP бо баландии 18 метр дар варзишгоҳи нави Душанбе

Сохтмони варзишгоҳи нав бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе идома дорад. Ба истифода додани иншоот то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар назар аст. Ба наздикӣ дар Душанбе варзишгоҳи муосири ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ сохта мешавад, ки мусобиқаҳои бузурги сатҳи байнулмилалиро қабул карда метавонад. Сохтмон иншоот моҳи марти соли гузашта дар қитъаи назди бинои асосии […]

Сохтмони варзишгоҳи нав бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе идома дорад. Ба истифода додани иншоот то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар назар аст.

Ба наздикӣ дар Душанбе варзишгоҳи муосири ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ сохта мешавад, ки мусобиқаҳои бузурги сатҳи байнулмилалиро қабул карда метавонад.

Сохтмон иншоот моҳи марти соли гузашта дар қитъаи назди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар “Ҷазира”) оғоз гардид, ки майдони зиёда аз 9 гектарро фаро мегирад. Ин ҷо наздики 300 бинокор аз 4 ширкати сохтмон машғули коранд.

Дар ошёнаи якум зери минбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ ҳуҷраи ивази либоси варзишгарон ва доварон, ҷойи шустушӯй ва бунгоҳи тиббӣ, инчунин толорҳои машқ ва қаҳвахона сохта мешаванд.

Барои меҳмонони воломақом сохтмони ҷойи нишасти махсуси VIP дар баландии 18 метр дар назар аст. Инчунин барои меҳмонон боз 448 ҷой, майдони сайругашт дар баландии зиёда аз 9 метр ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ҳар кадоме аз минбарҳои варзишгоҳ даромади алоҳида хоҳад дошт. Масоҳати майдони футболи варзишгоҳ 105 ба 68 метр аст. Дар наздикии қаламрави варзишгоҳ сохтмони иншооти зерсохтор ва ёридиҳанда, инчунин таваққуфгоҳ барои 2 ҳазор автомашина ба нақша гирифта шудааст.

“Суръати корҳоро паст намекунем. Бовар дорем, ки бунёди варзишгоҳ то ҷашни 30-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ба охир мерасад”, – мегӯянд бинокорон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.