Афзоиши назарраси интиқоли маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва Беларус

Давоми моҳҳои январ-июли соли 2025 Русия ва Беларус содироти сӯзишвориро ба Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд карданд. Дар ин бора The Moscow Times бо истинод ба Reuters хабар медиҳад. Дар муқоиса бо 494,6 ҳазор тоннаи соли гузашта ҳудуди 663,8 ҳазор тонна сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ворид шудааст. Аз ҳама бештар афзоиши воридоти […]

Давоми моҳҳои январ-июли соли 2025 Русия ва Беларус содироти сӯзишвориро ба Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд карданд. Дар ин бора The Moscow Times бо истинод ба Reuters хабар медиҳад.

Дар муқоиса бо 494,6 ҳазор тоннаи соли гузашта ҳудуди 663,8 ҳазор тонна сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ворид шудааст. Аз ҳама бештар афзоиши воридоти гази моеъ, ки беш аз 12 баробар – аз 6,4 ҳазор тонна то 85,4 ҳазор тонна зиёд шудааст, ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин интиқоли сӯзишвории дизелӣ то 308,8 ҳазор тонна (афзоиш ба миқдори 28%), керосини авиатсионӣ – то 41,5 ҳазор тонна (32%) ва бензин – то 228 ҳазор тонна (6%) афзудааст.

Сарфи назар аз афзоиши боусръати воридот аз Русия ва Беларус, дар нимсолаи аввали соли 2025 воридоти гази моеъ ба Тоҷикистн ба сурати умум коҳиш ёфтааст. Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи аввали соли равон 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ба Тоҷикистон оварда шудааст, ки 18,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Дар Хадамот инро ба зиёдшавии шумори электромобилҳо (мошинҳои барқӣ) рабт медиҳанд, ки талабот ба газро ба сифати сӯзишворӣ ба мошинҳо кам мекунад. Нархи миёнаи воридот қариб дар сатҳи соли гузашта – 685 доллар барои 1 тонна дар соли равон ва 681 доллар дар соли 2024 боқӣ мондаст. Зиёда аз нисфи воридот (53%) ба Русия ва ҳаҷми боқимонда – ба Қазоқистон рост меояд.

Мувофиқи пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028, афзоиши ҳаҷми воридоти гази моеъ идома меёбад. Дар соли 2026 воридоти 336 ҳазор тонна ба маблағи 222 млн доллар, соли 2027 – 348,8 ҳазор тонна (234 млн доллар)) ва соли 2028 – 362 ҳазор тонна ( 246 млн доллар) дар назар аст.

Аз лиҳози харидории бензин ва сӯзишвории дизелӣ Қирғизистон (мутаноисбан 344,9 ҳазор ва 396,3 ҳазор тонна) пешсаф буда, керосини авиатсионӣ бештар ба Қазоқистон (162,2 ҳазор тонна) ва Ӯзбекистон (167,4 ҳазор тонна) фиристода шудааст. Ҳаҷми бештари гази моеъро Афғонистон (300,3 ҳазор тонна) харидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.