“Дарси сулҳ” бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз пештар аз оғози соли хониш баргузор мешавад

Asia-Plus

Ба фарқ аз солҳои пеш, ки “Дарси сулҳ”, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр, дар рӯзи аввали соли хониш гузаронида мешуд, имсол он 30-юми август баргузор мешавад.

Як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “Дарси сулҳ” дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир мешавад ва дар ин рӯз омӯзгорону хонандагон дар мактабҳо суханронии роҳбари давлатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ мустақим тамошо мекунанд.

Хонандагон чун ҳарвақта рӯзи душанбеи 1-уми сентябр мувофиқи барномаи мактабӣ таҳсилро оғоз мекунанд.

Сабаби 30-юми август баргузор шудани “Дарси сулҳ” маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтӣ, рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон ба вохӯрии роҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар Чин баргузор мешавад, даъват шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ширкат мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола соли хониш рӯзи 1-уми сентябр оғоз мешуд ва чанд соли охир раисҷумҳур дар ин рӯз пиромуни бурду бохти соҳаи маориф иттилоъ дода, пеши масъулин вазифаҳо мегузорад

Ҳатто соли гузашта бо вуҷуди он ки 1-уми сентябр ба рӯзи якшанбе, ки истироҳатӣ аст, рост омад, соли хониш дар вақташ оғоз гардид.

Ёдрас мешавем, ки соли 2024 “Дарси сулҳ” бо иштироки раисҷумҳур дар мактаби 19-и ноҳияи Синои пойтахт баъди ифтитоҳаш доир шуда буд.  Роҳбари давлат дар паёми хеш аз камбудиҳои соҳаи маориф интиқод карда, ба масъулин, аз ҷумла вазири маориф ва илм барои бартараф кардани он ду сол муҳлат дода буд.

Норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ, ҷамъоварии маблағ аз хонандагон, ҷалби хонандагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ аз муҳимтарин масоиле буданд, ки раисҷумҳур зимни суханрониаш ишора карда буд.

Кадом нуктаҳо дар суханронии соли гузаштаи президепнт ишора шуджа буданд, дар маводи “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...