1-уми сентябр рӯзи якшанбе. Соли нави таҳсил кай шурӯъ мешавад?

Имсол, сарфи назар аз он ки 1-уми сентябр рӯзи якшанбе аст, соли нави таҳсил дар вақташ – 1-уми сентябр оғоз мешавад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба иттилои ин ниҳод, имсол 1-уми сентябр “Дарси сулҳ” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар яке аз макотиби пойтахт […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Имсол, сарфи назар аз он ки 1-уми сентябр рӯзи якшанбе аст, соли нави таҳсил дар вақташ – 1-уми сентябр оғоз мешавад.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, имсол 1-уми сентябр “Дарси сулҳ” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар яке аз макотиби пойтахт баргузор мегардад.

“Аммо мушаххас кадом мактаб, маълум нест, зеро  ифтитоҳи чанд мактаб дар назар аст”, – гуфт манбаи “Азия-Плюс”.

Бояд гуфт, соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара гузаронида, бинои нави ин донишгоҳро расман ифтитоҳ карда буд.

Гуфтан бамаврид аст, ки ҳамасола Рӯзи дониш – 1-уми сентябр дар Тоҷикистон бо “Дарси сулҳ” оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунанд.

Ба иттилоъи Агентии омори кишвар имсол дар 260 ҳазор хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд. Аз ин миён 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазори дигарро писарон ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати маорифи кишвар, имсол кӯдаконе, ки то 31-уми декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум қабул мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.