Тоҷикистон аз Афғонистон чӣ ворид мекунад?

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи умумии 42,2 млн. доллар молу маҳсулоти гуногун содир кардааст. Аз Афғонистон ба Тоҷикистон бошад молу маҳсулот ба маблағи 3,5 млн. доллар ворид гардидааст. Дар ин бора рӯзи 7-уми август Лутфулло Ҳасанзода, як масъули Хадамоти гумрук зимни нишасти хабарӣ маълумот дод.  Ба иттилои Хадамоти гумрук, дар […]

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи умумии 42,2 млн. доллар молу маҳсулоти гуногун содир кардааст. Аз Афғонистон ба Тоҷикистон бошад молу маҳсулот ба маблағи 3,5 млн. доллар ворид гардидааст. Дар ин бора рӯзи 7-уми август Лутфулло Ҳасанзода, як масъули Хадамоти гумрук зимни нишасти хабарӣ маълумот дод. 

Ба иттилои Хадамоти гумрук, дар нимсолаи аввал аз Тоҷикистон ба Афғонистон зиёда аз 165 ҳазор тонна семент ба арзиши зиёда аз 8 млн 372 ҳазор доллар, 3 ҳазору 223 тонна ангиштсанг ба маблағи зиёда аз 106 ҳазор доллар, 1 ҳозору 801,7 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 1 млн. 273 ҳазор доллар, 1 ҳазору 745,8 тонна тухми паранда ба арзиши зиёда аз 2 млн. 277 ҳазор доллар ва 626 тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи қариб 170 ҳазор доллар фурӯхта шудааст.

Аз Афғонистон ба Тоҷикистон бошад, 1 ҳазору 365,8 тонна помидор ба маблағи қариб 888 ҳазор доллар, 1 ҳазору 355 тонна чӯб ба маблағи зиёда аз 542 ҳазор доллар, 248,9 тонна маҳсулоти пластики ба арзиши беш аз 299 ҳазор доллар, 291,6 тонна мева ба арзиши қариб 292 ҳазор доллар ва 222 тонна маҳсулоти тайёр ба маблағи беш аз 232 ҳазор доллар интиқол ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 2-юми август дар нишасти хабарии Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода, роҳбари ин ниҳод зикр карда буд, “мо аз Афғонистон воридот надорем, танҳо содир мекунем”. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон барои Тоҷикистон танҳо кишвари транзитӣ аст.

“Айни ҳол дар назди гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён масъалаи ташкили минтақаи содиротӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуда истодааст ва ин ба беҳтар шудани муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Ин ба муносибатҳои расмӣ алоқае надорад, содирот бояд давом ёбад” – гуфта буд Сироҷиддинзода.

 

Омори Афғонистон дигар аст

Дар ҳамин ҳол, “Радиои Озодӣ” дар такя ба Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон* менависад, ки “Афғонистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи имсол ҳамагӣ ба маблағи 30 млн. доллар додугирифт доштанд”.

“Дар моҳҳои январ-июли имсол Афғонистон ба Тоҷикистон 8 млн. доллар содирот кардаву ба 22 млн доллар мол ворид кардааст”, – менависад ин расона.

Ёдовар мешавем, ки Толибон дар аксар давлатҳои ҷаҳон созмони мамнӯъ эътироф шудааст. Ин гурӯҳ тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак се сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунад. Тоҷикистон ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашинохтааст ва бо ин кишвар робитаи дипломатӣ надорад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.