“Дарси сулҳ” бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз пештар аз оғози соли хониш баргузор мешавад

Ба фарқ аз солҳои пеш, ки “Дарси сулҳ”, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр, дар рӯзи аввали соли хониш гузаронида мешуд, имсол он 30-юми август баргузор мешавад. Як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “Дарси сулҳ” дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир мешавад ва дар ин рӯз омӯзгорону хонандагон дар […]

Ба фарқ аз солҳои пеш, ки “Дарси сулҳ”, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр, дар рӯзи аввали соли хониш гузаронида мешуд, имсол он 30-юми август баргузор мешавад.

Як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “Дарси сулҳ” дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир мешавад ва дар ин рӯз омӯзгорону хонандагон дар мактабҳо суханронии роҳбари давлатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ мустақим тамошо мекунанд.

Хонандагон чун ҳарвақта рӯзи душанбеи 1-уми сентябр мувофиқи барномаи мактабӣ таҳсилро оғоз мекунанд.

Сабаби 30-юми август баргузор шудани “Дарси сулҳ” маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтӣ, рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон ба вохӯрии роҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар Чин баргузор мешавад, даъват шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ширкат мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола соли хониш рӯзи 1-уми сентябр оғоз мешуд ва чанд соли охир раисҷумҳур дар ин рӯз пиромуни бурду бохти соҳаи маориф иттилоъ дода, пеши масъулин вазифаҳо мегузорад

Ҳатто соли гузашта бо вуҷуди он ки 1-уми сентябр ба рӯзи якшанбе, ки истироҳатӣ аст, рост омад, соли хониш дар вақташ оғоз гардид.

Ёдрас мешавем, ки соли 2024 “Дарси сулҳ” бо иштироки раисҷумҳур дар мактаби 19-и ноҳияи Синои пойтахт баъди ифтитоҳаш доир шуда буд.  Роҳбари давлат дар паёми хеш аз камбудиҳои соҳаи маориф интиқод карда, ба масъулин, аз ҷумла вазири маориф ва илм барои бартараф кардани он ду сол муҳлат дода буд.

Норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ, ҷамъоварии маблағ аз хонандагон, ҷалби хонандагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ аз муҳимтарин масоиле буданд, ки раисҷумҳур зимни суханрониаш ишора карда буд.

Кадом нуктаҳо дар суханронии соли гузаштаи президепнт ишора шуджа буданд, дар маводи “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.