Оғози давраи сеюми бақайдгирӣ дар Маркази тестӣ. Боз як имкони дигар барои онҳое, ки мехоҳанд донишҷӯй шаванд

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон (ММТ) бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба донишгоҳу донишкадаҳоро эълон кард. Он аз 2 то 13-уми сентябр идома мекунад. Ба иттилои Марказ, ин марҳилаи имтиҳонсупорӣ барои касоне, ки қаблан натавонистанд аз қайд гузоранд ё аз давраҳои пешин ноком шуданд.   Дар даври сеюм ба довталабони зерин […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон (ММТ) бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба донишгоҳу донишкадаҳоро эълон кард. Он аз 2 то 13-уми сентябр идома мекунад.

Ба иттилои Марказ, ин марҳилаи имтиҳонсупорӣ барои касоне, ки қаблан натавонистанд аз қайд гузоранд ё аз давраҳои пешин ноком шуданд.

 

Дар даври сеюм ба довталабони зерин имкон дода мешавад:

– шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

– довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

– довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

– довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

– довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

 

Нуқтаҳои бақайдгирӣ

Бақайдгирӣ дар 11 нуқта доимӣ дар шавҳру навоҳии Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Душанбе, Данғара ва Рашт сурат мегирад.

 

Муҳлат ва шартҳо

Бақайдгирӣ то 13 сентябр идома меёбад. Довталабоне, ки дар ин марҳила худро ба қайд мегузоранд, дар сурати зарурат бо муроҷиат ба нуқтаи бақайдгирӣ, метавонанд ихтисоси пештар интихобкардаашонро тағйир диҳанд.

 

Ихтисос ва имтиҳонҳо

Ҷойҳои холии боқимонда пас аз тақсимот аз рӯйи натиҷаи давраҳои пешин дастрасанд. Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд.

 

Ҳангоми бақайдгирӣ зикри маълумоти зерин зарур аст:

– забони супоридани тест (тоҷикӣ ё русӣ);

– ҷойи супоридани имтиҳон;

– суроға барои гирифтани даъватнома.

Рӯйхати пурраи ихтисосҳои дастрас ё худ холӣ дар сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ нашр шудааст.

Дар Марказ гуфтанд, ки имтиҳонҳо рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуда, натиҷаи онҳо рӯзи 29 сентябр эълон карда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио