Муҳаммад Ғоиб: “Шоир вазифадор аст, ки миллаташро ҳидоят кунад!”

Asia-Plus

Ҳафтаи меомада Тоҷикистон ҷашни истиқлол дорад ва худсолории кишвар бошукӯҳ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” ба суроғи яке аз адибони ватансаро, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб рафт ва бо мавсуф гуфтугӯ анҷом дод.

“Азия-Плюс” тасмим дошт, бо Муҳаммад Ғоиб жарфтару фаротар перомуни истиқлоли давлатӣ, фикрӣ, эҷодӣ ва ашъори сурудаи ӯ суҳбат кунад, ба суолҳои бештар посух гирад, аммо бо назардошти вазъи саломатии шоир, аз суҳбати муфассал бо ӯ худдорӣ кард ва бо ин мусоҳибаи кӯтоҳ иктифо намуд.

Ҳамин тавр, суҳбати мо перомуни зиндагӣ, эҷодиёт ва корномаи ин шоир ҷараён гирифт. Дар оғоз аз ӯ пурсидем, ки чӣ ҳол дорад ва бештар ба чӣ кор машғул аст?

– Дар хонаам дар Душанбе ҳастам, вазъи саломатиам он қадар хуб нест, табобат мегирам ва бештари вақт истироҳат дорам. Фикр зиёд аст, вале кам мехонаму кам менависам. Хондану навиштан ҳоло бароям душвор аст.

– Ба Иттифоқи нависандагон ё ҷое дигар меравед?

– Бештар дар хона ҳастам. Агар зарурат шавад, барои ширкат дар ҷаласаву чорабиниҳои Иттифоқи нависандагон меравам. Ягон маҳфил ё чорабинӣ шавад, зиёд пойфишорӣ кунанд, меравам. Вагарна бештар дар хона ҳастам. Агар ягон кас ояд, гуфтугӯ мекунам, шӯхӣ мекунам. Ҳарф задан осон аст, вале навиштан душвор, чашм хира аст.

– Соле пеш бо ду хат романи “Сояравшан”-ро чоп кардед: чаро он рӯнамоӣ нашуд?

– Романи мазкур натанҳо бо ду хат – форсӣ ва сирилик, балки бо ду забони дигар – русӣ ва англисӣ ҳам ба чоп расид. Лекин то ҳол ягон маротиба китобҳоямро рӯнамоӣ накардаам. Зарураташро надидам. Хонанда намепурсад, ки рӯнамоӣ шуд ё не. Китоби нағз, шеъру ғазали хуб, насри хуб бошад, хонанда ёфта мехонад.

– Нақш ва вазифаи шоир дар ҷомеаи имрӯза чист?

– Шоир бояд яке аз пешгомҳои кишвар бошад. Шоири ватандору ватандӯст масъулият ҳис мекунад, дигаршавии тамаддунҳоро мебинад, набзи ҷаҳонро медонад ва вазифадор аст, ки миллаташро ҳидоят кунад. Шоир равшанфикр аст, равшанфикрҳо ҳидоятгари миллат мешаванд.

Романи “Сояравшан” дар ҳамин бора аст. Яъне, дар замони ҷаҳонишавӣ тақдири миллатҳои хурду бузург чӣ гуна мешаванд, бо ин қадар таъруху тамаддун то куҷо меравем.

– Шоирони мо, аз рӯйи гуфтаи Шумо, то куҷо “пешгом” ҳастанд? Ё шахсан худатон ин пешгомиро ҳис мекунед?

– Ба дигарҳо кор надорам. Худам “ҳис” намекунам, балки амал мекунам. Маъсади ман дар тамоми умр масири бузурги эҷодӣ буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Ҳеҷ гоҳ чизе нагуфтам, ки лаҳзаина ё чизе нолоиқ барои гуфтан бошад.

Ҳис абстрак аст, амал бошад – иҷрои ин ё он кор. Дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ аз ман мехоҳанд, ки шеър нависам. Ашъорамро сарояндаҳову наттоқҳо мехонанд, аз забон ба забон меравад, моли халқ мешавад. Эҷоди ман бартарӣ дорад, аз ман маслиҳат мепурсанд. Одаме нолиш мекунад, ки ҳунар надорад ва он касе, ки ҳунар дорад, пешгом мешавад.

– Муҳаммад Ғоибро ҳамчун шоир бештар мешиносанд, вале Шумо носир ҳам ҳастед. Ба наср кай рӯ овардед?

– Аз аввал дар наср қаламкашӣ мекардам, лекин таҷрибаи кофӣ надоштам, ҳаётро кам медонистам. Оҳиста – оҳиста таҷриба пайдо шуд, мавзӯъҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ёфтам, он чизе ки ба назм гуфта натавонистам, рӯйи қоғаз овардам, писанди хонанда шуд ва аз ин сарфароз ҳастам. Касе, ки аз кӯчаи наср гузаштааст, чӣ баҳо доданро медонад.

– Чандин сол муовини раиси Кумитаи ТВ ва радио ва директори ТВ “Тоҷикистон” будед. Дар вазифаи сармуҳаррири “Ҷумҳурият” ҳам кор кардед. Аз замони Шумо то имрӯз дар журналистика чӣ қадар тағйирот аст?

– Дар ин вазифаҳо кори худамро медонистам ва бо тамоми масъулият кор кардам. Кӯшиш кардам, ки барои кормандон шароити моддиву маънавӣ фароҳам орам, муҳити эҷодӣ сохтам, мавзӯъҳои муҳимро инъикос кардем, ки кишвар пеш равад. Бигзор ба кори ман дигарон баҳо диҳанд. Беҳтар аст, ки хонандаву бинанда гӯяд, ки дар ин солҳо чӣ тағйирот шуданд.

Маро ҳамчун журналист кам мешиносанд. Ҳунари шоириям онро пӯшонидааст. Аммо мақсади ҳарду ҳам як аст – як ноодам одам шавад, халқ муттаҳид шавад, ваҳдати давлату миллат мустаҳкам гардад, кишвар пеш равад.

– Аз умри гузашта ва корномаи худ то куҷо розиед?

– Аз ҳаётам, аз эҷодиётам, аз давлатам ва аз халқам 100 дарсад розиям! Барои ҳамааш шукр мегӯям!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...