Дар Душанбе Атласи тағйироти муҳити зисти Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Дар Душанбе Атласи тағйироти муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Он фарогири таҳлилҳои тағйироти муҳити зист дар 60 соли охир буда, як абзори муҳими илмӣ ва сиёсӣ барои банақшагирии устувор ба шумор меравад. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дода навишт, ки ин нашр натиҷаи лоиҳаи минтақавиест, ки аз соли 2019 таҳти дастгирии […]

Asia-Plus

Дар Душанбе Атласи тағйироти муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Он фарогири таҳлилҳои тағйироти муҳити зист дар 60 соли охир буда, як абзори муҳими илмӣ ва сиёсӣ барои банақшагирии устувор ба шумор меравад.

Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дода навишт, ки ин нашр натиҷаи лоиҳаи минтақавиест, ки аз соли 2019 таҳти дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП), ҳукумати Русия ва муассисаҳои пешбари илмӣ амалӣ гардидааст.

Дар чорабинӣ, Исфандиёр Шукурзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфтааст, Атлас ҳамчун воситаи таҳлили хавфҳои экологӣ ва асос барои сиёсати миллӣ дар соҳаи муҳити зист аҳамият дорад.

“Атлас маълумоти заминӣ ва моҳвораӣ, харитаҳои тағйироти экосистемаҳои обиву заминӣ, таҳлилҳои таъсири тағйирёбии иқлим ва арзёбии пешрафт дар самти ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро дар бар мегирад”. – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Ин нашр барои коршиносон, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун манбаи боэътимоди маълумот хизмат хоҳад кард.

Муаррифии Атлас дар пасманзари мулоқоти Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо Батир Мамедов, директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Онҳо рӯзи 2-юми сентябр ба ҳам суҳбат карданд ва ҳарду ҷониб муҳимияти мутобиқсозии ташаббусҳои экологии "сабз" бо афзалиятҳои миллӣ ва минтақавиро таъкид карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.