Мақомот 3 духтари гумшуда аз ноҳияи Хуросонро дар Душанбе пайдо кардаанд

Пулиси вилояти Хатлон мегӯяд, 3 духтареро, ки чанд рӯз пеш бедарак шуда буданд, ёфта, ба оилаҳояшон супоридаанд. Ниҳоди мазкур рӯзи 9-уми сентябр дар иттилоияе гуфт, ки ин духтарон сокинонони деҳаҳои Буриёбофон ва Бандари ноҳияи Хуросон буда, аз Душанбе пайдо гардидаанд. Ба қавли манбаъ, Зуҳро Раҳмоваи 16-сола ва Суман Содиқоваи 17-сола, ки аввали синфи 10 ва дуюми […]

Asia-Plus

Пулиси вилояти Хатлон мегӯяд, 3 духтареро, ки чанд рӯз пеш бедарак шуда буданд, ёфта, ба оилаҳояшон супоридаанд. Ниҳоди мазкур рӯзи 9-уми сентябр дар иттилоияе гуфт, ки ин духтарон сокинонони деҳаҳои Буриёбофон ва Бандари ноҳияи Хуросон буда, аз Душанбе пайдо гардидаанд.

Ба қавли манбаъ, Зуҳро Раҳмоваи 16-сола ва Суман Содиқоваи 17-сола, ки аввали синфи 10 ва дуюми синфи 11 будаанд, пас аз анҷоми дарс дар мактаб бо Нозия Ёрзодаи 18-сола ҳамроҳ гардида, ғайб задаанд. Ин ҳодиса рӯзи 4-уми сентябр рух додааст.

Наздикони ин духтарон ҳафтаи гузашта ба нашри акси онҳо аз мардум хоҳиш карда буданд, то дар пайдо карданашон ёрӣ расонанд.

Пулиси Хатлон гуфтааст, духтарони бедаракшуда сиҳату саломатанд. Ин ниҳод ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накардааст. Маълум нест, ки ин духтарон чӣ тавр аз Хуросон ба Душанбе омада ва чаро дар ин миён бо волидонашон тамос нагирифтаанд.

Зиёд гум шудани духтарон дар моҳҳои охир сокинони Тоҷикистонро нигарон кардааст. Дар ним соли охир пулиси Душанбе дасти кам аз шудани 18 духтар дар пойтахт иттилоъ дод, ки аксарашон ноболиғон буданд. То кунун ин ниҳод пайдо шудани 12 тани онҳоро тасдиқ кардааст. Мақомот то имрӯз шарҳ намедиҳанд, ки духтарон чаро бедарак ва аз куҷо пайдо мешаванд.

Сокинону коршиносон мегӯянд, низоъҳои оилавӣ, ҷанҷолҳои доимӣ бо падару модар, фишор, нофаҳмӣ, зӯроварии равонӣ, ҷисмонӣ ё ҷинсӣ мушкилот дар мактаб, нокомӣ дар таҳсил, фишори иҷтимоӣ, муносибат нохуб бо дӯстон метавонанд сабаби гурехтану гум шудани онҳо бошанд.

Дар ин матлаби мо хонед, ки “Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд ва мақомот онҳоро аз куҷо пайдо мекунанд?”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.