Сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз вазифа барканор шуд

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) эълон кард, ки ситоди мураббиҳои тимҳои миллӣ ва олимпии кишвар, аз ҷумла, Гела Шекиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Леван Хомерики, сармураббии тими миллии олимпии кишвар аз вазифа озод шудаанд.

Ин ниҳод имрӯз, 10-уми сентябр, гуфт, пас аз “баромади ғайриқаноатбахш”-и тими миллӣ дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025”, ки дастаи мо дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, шартномаи ҳамкорӣ бо Гела Шекиладзеро пеш аз муҳлат қатъ кардааст.

Мусобиқаи Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025” аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Тими миллии бо шикаст аз Ҳиндустон, ғалаба бар Афғонистон ва мусовӣ дар баробари Эрон, 4 хол касб карда, аз гурӯҳ берун баромада натавонист.

Баъди ин бебарорӣ мухлисони футболи меҳан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори сармураббии даста, махсусан дар интихоби нодурусти ҳайат, сахт нигаронӣ ва интиқод карданд. Бархе аз мухлисон тақозо доштанд, ки мураббӣ иваз шавад, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки ин мушкили печидаи футболи тоҷикро ҳал намекунад.

Ҳамчунин, ФФТ имрӯз эълон кард, ки тасмим гирифт, ки пас аз баромади бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, шартномаи ҳамкориро бо Леван Хомерики тамдид накунад. Бояд гуфт, тими миллии олимпии кишвар зери роҳбарии ин мутахасси ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфта натавонист.

Бозиҳои дастаи мо, ки дар гурӯҳи “К” ҷойгир буд, дар Душанбе сурат гирифт. Вале мизбонӣ марҳилаи интихобии ин гурӯҳ будан ҳам ба тими миллии то 23-солаҳои Тоҷикистон кумак накард, то ба Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гиранд. Дар ин ҷо ҳам мухлисон аз кори мутахассиси дигари гурҷӣ Леван Хомерики интиқод карда, талаби барканорияшро доштанд.

Федератсияи футболи кишвар изҳор доштааст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад, ки роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик онро тасдиқ хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...