Тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025” Афғонистонро шикаст дод

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври дуюми мусобиқаи Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025” тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 1-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд. Ҳисоби рақобатро дар дақиқаи 24-ум футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе бо истифода аз зарбаи 11-метар ё “пеналтӣ”  боз кард. Баъдан дар дақиқаи 92-юм […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври дуюми мусобиқаи Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025” тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 1-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд.

Ҳисоби рақобатро дар дақиқаи 24-ум футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе бо истифода аз зарбаи 11-метар ё “пеналтӣ”  боз кард. Баъдан дар дақиқаи 92-юм Шервони Мабатшоев аз паси Эҳсон истифода бурда, голи дуюми дастаи моро ба самар расонд.

Дар рақобати дигари гурӯҳи “В” Эрон бо ҳисоби 3:0 Ҳиндро мағлуб кард.

Тоҷикистон пас аз ин пирӯзӣ муқобили Афғонистон се имтиёз ба даст оварда, дар ҷои сеюми гурӯҳи “В” қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Эрон бо ду ғалаба ва 6 хол садрнишин аст.

Дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ Тоҷикистон муқобили Эрон ва Афғонистон бо Ҳиндустон мубориза мебаранд. Ин бозиҳо рӯзи 4-уми сентябр дар Ҳисор сурат хоҳанд гирифт.

Ёдрас мешавем, ки дар бозии авлаи Ҷоми миллатҳои "CAFA-2025" Тоҷикистон аз Ҳиндустон, ки дар радабандии Федератсияи байналмилалии футбол 27 зина аз дастаи мо поёнтар қарор дорад, бо натиҷаи 0 бар 2 ноком шуд.

Баъди ин нокомӣ, мухлисони футболи меҳан дар шабакаҳои иҷтимоӣ сармураббиро дар интихоби нодурусти ҳайати даста, аз ҷумла, ҳамлагарон гунаҳкор карданд.

Ҳоло атрофи тими мунтахаби кишвар баҳсҳои зиёд вуҷуд дорад. Бархе аз мухлисон тақозо доранд, ки мураббӣ иваз шавад, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки ин мушкили печидаи футболи тоҷикро ҳал намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио