Дар Қазоқистон ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон медали фахрӣ доданд

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар рушди муколамаи байни динҳо ва таҳкими сулҳ бо медали фахрии Анҷумани VIII пешвоҳои динӣ ва анъанавии ҷаҳон сарфароз гардид. Медалро Қосимҷомат Тоқаев, президенти Қазоқистон ба муфтии кишвар супоридааст. Тавре ки хабарнигори “Азия-Плюс” аз Остона хабар медиҳад, зимни суханронӣ, муфтии Тоҷикистон зикр кард, ки таҳкими эътимод ва ҳусни тафоҳум […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар рушди муколамаи байни динҳо ва таҳкими сулҳ бо медали фахрии Анҷумани VIII пешвоҳои динӣ ва анъанавии ҷаҳон сарфароз гардид. Медалро Қосимҷомат Тоқаев, президенти Қазоқистон ба муфтии кишвар супоридааст.

Тавре ки хабарнигори “Азия-Плюс” аз Остона хабар медиҳад, зимни суханронӣ, муфтии Тоҷикистон зикр кард, ки таҳкими эътимод ва ҳусни тафоҳум байни дину фарҳанг дар замони муосир хеле муҳим аст.

Ӯ ҳамчунин, зарурати ҳамкории мутақобилаи ҷомеаҳои динӣ ва фарҳангиро барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла зӯроварӣ ва ифротгарӣ (экстремизм) таъкид намуд.

Дар ин чорабинӣ, Қосимҷомат Тоқаев гуфтааст, ки нақши пешвоёни динӣ дар ҳалли таҳдиду чолишҳои ҷаҳон, аз ҷумла мушкили тағйирёбии иқлим муҳим аст. Ӯ пешниҳод кардаст, ки ба иштироки созмонҳои динӣ дар сафарбарии ҷаҳонбинии ҷамъиятӣ дар робита  ба масоили ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор тақвият бахшида шавад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Қазоқистон, дин нуфузи зиёд дошта, дар ташаккули ҷаҳонбинии нави ҳифзи муҳити зист ва масъулият миёни мардум метавонад нақши калидӣ бозад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар доираи кори Анҷумани динҳо ва анъанаҳои  ҷаҳонӣ бо ҳамтоёни худ аз дигар кишварҳо дидору гуфтушунидҳо мекунад.

Дар кори анҷуман зиёда аз 700 вакил аз 60 кишвар, аз ҷумла намояндагони ҳамаи динҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.