Сериали тоҷикии “Дом” дар ҷашнвораи байнулмилалии кино дар Алмато намоиш дода мешавад

Аз 20 то 26 сентябр дар Алмато (Қазоқистон) ҷашнвораи байнулмилалии кинои тозакорон ва ҷавонони “Байконур” (Baiqonyr) мегузарад, ки дар доираи он бори нахуст озмуни сериалҳо доир мегардад. Дар ин ҷашнвора сериали тоҷикии “Дом” низ намоиш дода мешавад, ки мувофиқи лоиҳаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз ҷониби коргардон Далер Раҳматов наворбардорӣ шудааст. Тавре ки дар сомонаи ҷашнвора […]

Asia-Plus

Аз 20 то 26 сентябр дар Алмато (Қазоқистон) ҷашнвораи байнулмилалии кинои тозакорон ва ҷавонони “Байконур” (Baiqonyr) мегузарад, ки дар доираи он бори нахуст озмуни сериалҳо доир мегардад. Дар ин ҷашнвора сериали тоҷикии “Дом” низ намоиш дода мешавад, ки мувофиқи лоиҳаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз ҷониби коргардон Далер Раҳматов наворбардорӣ шудааст.

Тавре ки дар сомонаи ҷашнвора хабар дода мешавад, аз коргардон ва муаллифони филмҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 67 лоиҳа дастрас гардида, танҳо 6 лоиҳа – 3-то аз Қазоқистон ва 1-тогӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон интихоб шудааст.

Филми шашсериягии “Дом” аз сарнавишти духтари содаву самимие ҳикоя мекунад, ки аз деҳа ба Душанбе омада, барои талоши ёфтани пул барои кумак ба падараш, ки бемории вазнин дошт, ба доми қаллобон меафтад. Ин ҳолат  ба ҳаёти шахсии ӯ таҳдид мекунад.

Дар доираи ҷашнвораи “Байконур” инчунин маросимҳои кӯтоҳи муаррифӣ ё худ питчинги лоиҳаҳои нави сериалҳо баргузор мешаванд. Аз ҷумла лоиҳаи «Один раз рождаемся, сто раз умираем» (Як бор ба дунё меоему сад бор мемирем) муаррифӣ хоҳад шуд, ки муаллифи сенарияаш Искандар Усмонов ва продюсераш – Айдархон Адилбаев (Қазоқистон) мебошанд.

Сужети филми оянда дар бораи ширкати сохтмониест, ки раҳбарии онро зани тоҷик бар дӯш дорад. Қаҳрамони филм шавҳарашро, ки орзуи сохтмони Душанбеи навро дошт, аз даст медиҳад. Ӯ 10 сол пеш дар Афғонистон бедарак мешавад. Ӯ орзуи шавҳарашро амалӣ сохта, лекин шахсони наздиктаринашро аз даст медиҳад ва бо душвориҳои ҷиддӣ дучор мегардад.  

Маросими анҷом ё худ пӯшида шудани ҷашнвора рӯзи 26 сентябр доир мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.