Тафиши парвандаи Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, ки 3 моҳ пеш худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохта, танҳо худаш зинда берун шуд, ба анҷом расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон ирсол шудааст.
Дар ин бора аз Додситонии шаҳри Кӯлоб ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
“Парвандаи Мадина Ҳалимова моҳи август ба додгоҳи вилояти Хатлон ирсол карда шуд ва дар баррасӣ қарор дорад. Ҳоло ҳукми додгоҳ нисбати номбурда набаромадааст”, –гуфтанд аз додситонӣ.
Аз ин ниҳод ҷузъиёти тафтиши парвандаро шарҳ надоданд. Ҳамчунин маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии Мадина Ҳалимова кай баргузор мешавад.
Як манбаъ аз додгоҳи вилоят ба “Азия-Плюс” гуфт, мурофиаи ин зан ҳоло оғоз нашудааст.
"Ҷасади фарзанди калонии Мадина Ҳалимова то ҳол пайдо нашудааст"
Дар ҳамин ҳол, ҷасади Латофати 5 – сола, фарзанди калонии Мадина Ҳалимова то ҳол бо гузашти се моҳ пайдо нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҷасадро чор маротиба ҷустуҷӯ кардаанд, аммо бенатиҷа буд.
Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади Латофати панҷсола мавқуф гузошта шудааст.
“Се–чор маротиба дастаи зудамали махсуси наҷотдиҳӣ ҳудуди минтақае, ки кӯдак ғарқ шуда буд ва атрофи онро ҷустуҷӯ карданд , вале ҷасадро пайдо накарданд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.
Ба гуфтаи мақомот ҷустуҷӯи ҷасади фарзанди калонии Мадина Ҳалимова баъди тамом шудани машқу чорабиниҳо аз сар гирифта мешавад.
То ҳол ҷасади се фарзанди Мадина Ҳалимова, ки шаби 29 ба 30-юми июни соли равон бо чаҳор кӯдакаш худро ба дарё партофт, пайдо шудааст. Ҷасадҳои Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Муҳаммад Шарифзодаи 2-моҳа ва Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола аз дарёи Сурхоб ва Панҷ пайдо шуданд.
Мадина Ҳалимова дар боздошт буда нисабаташ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомӣ “одамкушӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ мекунад.
Қаблан шавҳар ва наздикони Мадина Ҳалимова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” иддао карданд, ки “бемории рӯҳӣ” доштани зан сабаби ба ин кор даст задани ӯ шудааст. Вале Беҳрӯз Алиев, вакили дифои Ҳалимова, ки чанд бор бо зерҳимояаш дар боздоштгоҳ ҳамсуҳбат шудааст, фарзияи “бемории руҳӣ доштан”-и занро рад карда, гуфта буд, “сабаби ба ин кор даст задани ӯ рашки зиёд аст”.
Нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд ва ин баҳси тундеро ба миён овард. Мақомот ин ҳодисаро мудҳиш хонданд.
Дар пайи ин фоҷеа, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен вокуниш нишон дода гуфт, ки “масъалаи зӯроварӣ ва табъиз нисбати кӯдакон нигаронкунанда буда, ин ҳодиса андешидани чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон тақозо мекунад”.
Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки чунин ҳодиса иттифоқ меафтад. Қаблан низ борҳо занон қасди куштори худ ва кӯдаконашонро карда буданд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2020 зани 30-солае дар ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофта буд.
Ахиран зани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён, 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард ва бо қарори додгоҳ ба куштор гунаҳкор дониста шуда, ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.


