Намоиши филмҳо дар фазои кушод ва ройгон дар деҳаҳои дурдасти кишвар. “Суғдсинамо” лоиҳаи навро оғоз кард

Рӯзи 25-уми сентябри соли равон дар аввалин "Киноклуб"-и лоиҳаи нави "Суғдсинмао" филми “Падари моҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик дар Кохи матбуот ба намоиш гузошта шуд. Лоиҳаи нави ин муассисаи давлатӣ “Рушди соҳаи синамо ва ҷалби ҷомеа ба он” ном дошта, тибқи он минбаъд  филмҳои миллӣ, аз ҷумлаи филмҳои худи "Суғдсинамо" дар деҳаҳои дурдаст, дар фазои кушод ва ройгон […]

Рӯзи 25-уми сентябри соли равон дар аввалин "Киноклуб"-и лоиҳаи нави "Суғдсинмао" филми “Падари моҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик дар Кохи матбуот ба намоиш гузошта шуд.

Лоиҳаи нави ин муассисаи давлатӣ “Рушди соҳаи синамо ва ҷалби ҷомеа ба он” ном дошта, тибқи он минбаъд  филмҳои миллӣ, аз ҷумлаи филмҳои худи "Суғдсинамо" дар деҳаҳои дурдаст, дар фазои кушод ва ройгон намоиш дода мешавад.

Осими  Орифпур, директори "Суғдсинамо" гуфт, дар доираи ин лоиҳа, ҳамчунин ба завқмандони олами синамо навиштани сенария, кори коргардонӣ  ва  муаррифии снарияҳои филм омӯзонида мешавад, ки давраи якуми он аллакай гузашт ва давраи дуввум аз моҳи октябр оғоз мешавад.

"Ҳамчунин, дар доираи ин лоиҳа “Киноклуб” ташкил карда мешавад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба соҳаи синамо, сохтани як фазои фарҳангӣ барои соҳаи синамо мебошад", – гуфт Осими Орифпур.

Ба иттилои ӯ, "Киноклуб" минбаъд дар як моҳ ду маротиба доир шуда, дар он филмҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, атрофи бурду бохти он муҳокима низ сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов” соли 2015 таъсис ёфтааст. Давоми 10 соли фаъолият филми кутоҳҳаҷми “Коса”, филми ҳунарии “12 соли интизорӣ” филми мустанади “Духтари Сайҳун”, филми ҳуҷҷатии “Соҳибватан” филмҳои  ҳунарии “Тангно”, “Сайёра ранг иваз мекунад”-ро намоиш дода, ба чандин ҷоизаҳо ноил шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.